https://sputnik.tj/20240318/hushdor-boronho-shadid-sel-kharobkor-arafa-navruz-tojikiston-1062098921.html
Ҳушдор аз боронҳои шадиду селҳои харобкор дар арафаи Наврӯз дар Тоҷикистон
Ҳушдор аз боронҳои шадиду селҳои харобкор дар арафаи Наврӯз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳавосанҷони тоҷик шаҳрвандонро аз имкони боронҳои шадид ва селҳои харобиовар огоҳ карда тавсияҳо додаанд
2024-03-18T17:55+0500
2024-03-18T17:55+0500
2024-03-19T13:37+0500
дар тоҷикистон
кҳф
обу ҳаво
борон
селфароӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102363/95/1023639530_0:0:1673:941_1920x0_80_0_0_d24f22b5065d91597b5c8c0f706b5673.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда обу ҳавои ноустувор ва хатарнок пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар истинод ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, аз 19 то 23 март дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағжиши тарма вуҷуд дорад.Ҳамчунин рӯзҳои 21-22 марти соли 2024 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳии ғарбии ВМКБ боронҳои пуршиддат меборанд. Гуфта мешавад, ки дамои ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ то 7-9 дараҷа тағйир меёбад.Дар робита ба огоҳиҳо наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки худро сари вақт ба сар задани ҳар офати эҳтимолӣ омода созанд. Сари вақт ҷӯйбору каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳову хасу хошок ва сангу шағал тоза кунанд.КҲФ дар чунин рӯзҳо рафтан ба шикоргоҳ, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, анҷоми корҳои кишоварзӣ дар саҳро ва чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳоро тавсия намедиҳад.Аз ронандагон дархост шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатриро риоя кунанд, бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо як гарави таъмини амният аст.
https://sputnik.tj/20240201/chand-fisad-peshgui-havosanjon-tojik-durust-1061497253.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102363/95/1023639530_211:0:1466:941_1920x0_80_0_0_85bd4975384926a03829ff3024289e54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор боронҳо шадид сел харобкор наврӯз тоҷикистон
ҳушдор боронҳо шадид сел харобкор наврӯз тоҷикистон
Ҳушдор аз боронҳои шадиду селҳои харобкор дар арафаи Наврӯз дар Тоҷикистон
17:55 18.03.2024 (Навсозишуда: 13:37 19.03.2024) Дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳавосанҷони тоҷик шаҳрвандонро аз имкони боронҳои шадид ва селҳои харобиовар огоҳ карда, тавсияҳо доданд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда обу ҳавои ноустувор ва хатарнок пешгӯӣ карда мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар истинод ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 19 то 23 март дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағжиши тарма вуҷуд дорад.
Ҳамчунин рӯзҳои 21-22 марти соли 2024 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳии ғарбии ВМКБ боронҳои пуршиддат меборанд.
Гуфта мешавад, ки дамои ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ то 7-9 дараҷа тағйир меёбад.
"Дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳои харобкор аз эҳтимол дур нест",- ҳушдор додааст КҲФ.
Дар робита ба огоҳиҳо наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки худро сари вақт ба сар задани ҳар офати эҳтимолӣ омода созанд. Сари вақт ҷӯйбору каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳову хасу хошок ва сангу шағал тоза кунанд.
КҲФ дар чунин рӯзҳо рафтан ба шикоргоҳ, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, анҷоми корҳои кишоварзӣ дар саҳро ва чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳоро тавсия намедиҳад.
Аз ронандагон дархост шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатриро риоя кунанд, бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо як гарави таъмини амният аст.