Шерализода гуфт, чанд фисади пешгӯии ҳавосанҷони тоҷик дар соли 2023 дуруст буд

© Sputnik Снегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Обуна шудан
Таъкид шудааст, дар соли 2023 ҳамагӣ 804 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳолат зиёд буда, аксари он пешгӯӣ шуда буд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик дар соли 2023 ҳудуди 365 пешгӯии якшабонарӯзиро таҳия карданд, ки 93,6%-и онҳо дуруст баромад.
Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Сатҳи дурустии пешгӯии ҳавосанҷон дар муқоиса бо соли 2022 каме болотар рафтааст. Кумита дурустии пешгӯии ҳавосанҷон дар соли 2022-ро 93% гуфта буд.
Ба иттилои манбаъ, тайи соли қаблӣ аз ҷумла оид ба якбора баланд шудани сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ ва эҳтимолияти бавуҷудоии обхезӣ 16 маротиба огоҳӣ дода шуд, ки дурустии онҳо 84%-ро ташкил додааст.
Таъкид шудааст, дар соли 2023 ҳамагӣ 804 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳолат зиёд мебошад.
Горы Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2023
Ҳароратро дар Тоҷикистон поину пиряхҳоро ҳифз мекунанд: Чӣ гуна?
"Дурустии пешгӯиҳои зуҳуротҳои хавфноки обуҳавосанҷӣ дар ин давра 80%-ро ташкил менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 6% зиёд мебошад, аз ҷумла, 314 ҳолати фаромадани тарма ва 127 ҳолати сар задани сел ба қайд гирифта шудааст", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ намудан ва эмин доштани соҳаҳои иқтисодиёти кишвар аз офатҳои табиӣ 93 огоҳӣ бо давомнокии 184 шабонарӯз оид ба ҳодисаҳои табиӣ пешниҳод кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблияш бо давомнокии 34 шабонарӯз зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 53 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 87 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0