https://sputnik.tj/20240317/tojikiston-qitahoi-raydihi-intikhoboti-prezidentii-rusiya-1062075959.html
Дар Тоҷикистон қитъаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Русия боз шуданд
Дар Тоҷикистон қитъаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Русия боз шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои Федератсияи Русия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст
2024-03-17T07:25+0500
2024-03-17T07:25+0500
2024-03-17T11:29+0500
дар тоҷикистон
русия
интихобот
интихоботи президентӣ
душанбе
сафорат
интихоботи президенти русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0f/1062065493_0:37:3111:1787_1920x0_80_0_0_3f2626aba5254445c863deb9aea72ccf.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон қитъаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Русия боз шуданд.Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 6 нуқтаи овоздиҳӣ мавҷуд аст, ки онҳо дар шӯъбаи консулии Сафорати Русия дар Душанбе ва Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар Хуҷанд ҷойгир шудаанд.Боқимонда чаҳортои дигар барои хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо пешбинӣ шудааст.Ба шарте, ки агар ариза дар маҳалли ҷойгиршавӣ пешниҳод шуда бошад, “санҷед, ки он дар ҳолати “Ба қайд гирифта шудааст” ва дар ҳавзаи интихобшуда овоз диҳед”, - афзуд комиссия.Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Русия, дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон метавон бо шиносномаи Русия овоз дод.Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.Овоздиҳӣ тӯли се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад ва чаҳор номзаде, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия сабти ном шудааст, барои курсии раҳбари давлат: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин мубориза мебаранд.
https://sputnik.tj/20240316/sath-baland-baho-noziron-idm-tashkili-intikhobot-rusiya-1062071665.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0f/1062065493_191:0:2920:2047_1920x0_80_0_0_d35a89f12a089992a8da35cb5f3a29db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, интихобот, интихоботи президентӣ, қитъа, раъйидиҳӣ, боз, сафорат, русия
тоҷикистон, интихобот, интихоботи президентӣ, қитъа, раъйидиҳӣ, боз, сафорат, русия
Дар Тоҷикистон қитъаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Русия боз шуданд
07:25 17.03.2024 (Навсозишуда: 11:29 17.03.2024) Шӯрои Федератсияи Русия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон қитъаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Русия боз шуданд.
Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 6 нуқтаи овоздиҳӣ мавҷуд аст, ки онҳо дар шӯъбаи консулии Сафорати Русия дар Душанбе ва Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар Хуҷанд ҷойгир шудаанд.
Боқимонда чаҳортои дигар барои хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо пешбинӣ шудааст.
"Барои ширкат дар интихобот дар рӯзҳои овоздиҳӣ ба нуқтаи интихоботии кишвари иқомати худ омадан кифоя аст. Шумо дар асоси дархости шифоҳӣ ва далели ҳозиршавӣ ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешавед", - омадааст дар хабари КМИР Федерасиям Русия кайд мекунад.
Ба шарте, ки агар ариза дар маҳалли ҷойгиршавӣ пешниҳод шуда бошад, “санҷед, ки он дар ҳолати “Ба қайд гирифта шудааст” ва дар ҳавзаи интихобшуда овоз диҳед”, - афзуд комиссия.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Русия, дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон метавон бо шиносномаи Русия овоз дод.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Овоздиҳӣ тӯли се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад ва чаҳор номзаде, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия сабти ном шудааст, барои курсии раҳбари давлат: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин мубориза мебаранд.