https://sputnik.tj/20240317/shaffof-qavonin-sharhi-noziri-spad-intikhobot-dar-rusiya-1062086934.html
Шаффоф ва дар чаҳорчуби қавонин: Шарҳи нозири СПАД аз ҷараёни интихобот дар Русия
Шаффоф ва дар чаҳорчуби қавонин: Шарҳи нозири СПАД аз ҷараёни интихобот дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Нозирони Ассамблеяи порлумонии СПАД дар рӯзои интихобот аз беш аз 20 ҳавзаи интихоботии шаҳри Маскав ва вилояти он боздид намуданд
2024-03-17T18:36+0500
2024-03-17T18:36+0500
2024-03-18T18:26+0500
интихоботи президенти русия
дар тоҷикистон
русия
раъйдиҳӣ
интихобот
интихоботи президентӣ
нозир
шаффоф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/11/1062086019_0:0:1057:596_1920x0_80_0_0_573dcfad2cb692f594475468d8838183.png
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Интихоботи президентии Русия дар заминаи демократӣ, шаффоф ва бидуни нақзи қавонин баргузор мешавад.Дар ин бора вакили порлумони Тоҷикистон, нозири Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ПА СПАД) Солеҳа Холмаҳмадзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба гуфтаи вай, нозирони ПА СПАД аз рӯзи 14 марти соли равон дар Маскав қарор доранд.“Се рӯз аст, ки мо аз ҷараёни интихоботи президентии Русия назорат мекунем. Мо аз ситоди номзадҳои президентӣ боздид кардем, инчунин бо ҳавзаҳои интихоботӣ дар Маскав ва вилояти он ошно шудем”, гуфт намояндаи Тоҷикистон.Ба гуфтаи вай, нозирон аз беш аз 20 ҳавзаи интихоботӣ боздид карданд."Омодагӣ ба интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи и Русия, инчунин мақомоти давлатӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шудааст, ҳеҷ нақзи қавонин мушҳида нашудааст ва ҳамааш ба қонунгузории Русия мувофиқат аст", - таъкид кард хонум Холмаҳмадзода.Вай илова кард, ки имрӯз бисёриҳо ба номзади худ ба таври фосилавӣ раъй медиҳанд."Мо бисёр чизҳоро омӯхтем, ман дар муқоиса бо интихоботи қаблӣ тағйироти зиёдеро мебинам", - гуфт нозири тоҷик.Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъйин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад.Комиссияи марказии интихоботи Русия барои иштирок дар интихоботи президентииРусия чаҳор номзадро сабтином кардааст: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош доранд.
https://sputnik.tj/20240317/jahon-besobiqa-ast-nozir-tojikiston-intikhobot-rusiya-video-1062085038.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/11/1062086019_107:0:954:635_1920x0_80_0_0_f182a6d386fb73bbf16b2fc3a0f0249f.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, спад, нозир, интихобот, интихоботи президентӣ, русия, маскав, шаффоф, раъйдиҳӣ
тоҷикистон, спад, нозир, интихобот, интихоботи президентӣ, русия, маскав, шаффоф, раъйдиҳӣ
Шаффоф ва дар чаҳорчуби қавонин: Шарҳи нозири СПАД аз ҷараёни интихобот дар Русия
18:36 17.03.2024 (Навсозишуда: 18:26 18.03.2024) Эксклюзив
Нозирони Ассамблеяи порлумонии СПАД дар рӯзҳои интихобот аз беш аз 20 ҳавзаи интихоботии шаҳри Маскав ва вилояти он боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Интихоботи президентии Русия дар заминаи демократӣ, шаффоф ва бидуни нақзи қавонин баргузор мешавад.
Дар ин бора вакили порлумони Тоҷикистон, нозири Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ПА СПАД) Солеҳа Холмаҳмадзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, нозирони ПА СПАД аз рӯзи 14 марти соли равон дар Маскав қарор доранд.
“Се рӯз аст, ки мо аз ҷараёни интихоботи президентии Русия назорат мекунем. Мо аз ситоди номзадҳои президентӣ боздид кардем, инчунин бо ҳавзаҳои интихоботӣ дар Маскав ва вилояти он ошно шудем”, гуфт намояндаи Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, нозирон аз беш аз 20 ҳавзаи интихоботӣ боздид карданд.
"Омодагӣ ба интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи и Русия, инчунин мақомоти давлатӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шудааст, ҳеҷ нақзи қавонин мушҳида нашудааст ва ҳамааш ба қонунгузории Русия мувофиқат аст", - таъкид кард хонум Холмаҳмадзода.
Вай илова кард, ки имрӯз бисёриҳо ба номзади худ ба таври фосилавӣ раъй медиҳанд.
"Мо бисёр чизҳоро омӯхтем, ман дар муқоиса бо интихоботи қаблӣ тағйироти зиёдеро мебинам", - гуфт нозири тоҷик.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъйин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад.
Комиссияи марказии интихоботи Русия барои иштирок дар интихоботи президентииРусия чаҳор номзадро сабтином кардааст: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош доранд.