Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

Нозирони ИДМ ҷараёни интихоботи президентиро дар Русия ором арзёбӣ карданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкВыборы президента России.
Выборы президента России. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Обуна шудан
Роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим (ИДМ), гуфт раъйдиҳӣ дар интихобот президентии Русия оромона ҷараён дорад.
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия оромона, муташаккилона ва бидуни мушкилоти ҷиддӣ ҷараён дорад, гуфт роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Илҳом Неъматов ба РИА Новости.
Вай илова кард, ки раъйдиҳӣ оромона ва мутобиқи қонунгузории Русия ҷараён дорад.
“Мо ҳамагӣ 194 нозир дорем ва аз Калининград то Владивосток 28 вилоятро фаро гирифтем... Мо ба наздикӣ, фардо изҳороти ниҳоии худро эълон хоҳем кард. Табиист, ки мо танҳо аз рӯи натиҷаҳои мушоҳидаҳои карда, дар асоси нишондодҳои худ изҳороти ниҳоиро тайёр омода мекунем”, — гуфт оқои Неъматов.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки тамоми сомонаҳо бо воситаҳои техникии зарурӣ ва маводи иттилоотӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Выборы президента РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Маълум шуд, ки то ҳол дар Тоҷикистон чанд шаҳрванди Русия пушти сандуқҳои раъй рафтанд
“Мо тамошо кардем: дирӯз дар вилояти Маскав ба се ҳавза, яъне мо ба вилояти Калуга, вилояти Рязан, вилояти Владимир сафар кардем... Ҳама муташаккилона кор мекунанд, омодагӣ дар сатҳи оли аст”, — гуфт ӯ.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъйин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад.
Комиссияи марказии интихоботи Русия барои иштирок дар интихоботи президентииРусия чаҳор номзадро сабтином кардааст: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош доранд.
Лентаи хабарҳо
0