Роҳхати чоруми олимпии варзишгарони тоҷик: Киҳо ба Париж мераванд?

© Всемирная федерация тхэквондоМунира Абдусаломова, таеквондокори тоҷик
Мунира Абдусаломова, таеквондокори тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон барои дарёфти роҳхати Бозиҳои Олимпӣ аз риштаи таеквондо барои рақобатҳо ба Чин се намоянда фиристод, ки яке пирӯз гардид
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Таеквондочии тоҷик Мунира Абдусаломова роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои иманбаъ, Абдусаломова дар рӯзи дуюми мусобиқаи интихобӣ дар Чин аз худ дарак дода, муқобили намояндагони АМА ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва роҳхати олимпӣ гирифт.
Ӯ дар вазни 67 кило рақобат карда, бар ҳарифонаш датсболо гардид.
Баходур Усмонов против россиянина Ильи Шакирова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Баҳодур роҳхати сеюми олимпиро миёни муштзанҳои тоҷик ба даст овард
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид.
Ҳамакнун ин чорум роҳхати олимпии варзишгарони мо мебошад. Қаблан Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро гирифта буданд.
Гуфта мешавад, ки Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон ба ин мусобиқа 3 варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Моҳру Ҳалимова (-67кг) , Мунира Абдусаломоваро сафарбар карда буд.
Аммо дар рӯзи якуми мусобиқа таеквондочиёни мо Муҳаммадҷон Суннатов зери вазни то 68 кг ва Моҳру Ҳалимова зери вазни то 67 кг дар даври аввал мағлуб шуданд.
Лентаи хабарҳо
0