https://sputnik.tj/20240312/rohkhati-seum-olimpi-mushtzan-tojik-poris-1062008864.html
Баҳодур роҳхати сеюми олимпиро миёни муштзанҳои тоҷик ба даст овард
Баҳодур роҳхати сеюми олимпиро миёни муштзанҳои тоҷик ба даст овард
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни 7 намояндаи Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи бокс дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия як нафар роҳхати олимпӣ гирифт
2024-03-12T10:48+0500
2024-03-12T10:48+0500
2024-03-16T16:10+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
баҳодур усмонов
муштзан
бокс
роҳхат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043196730_0:28:3071:1755_1920x0_80_0_0_32cd05e51292785f2b87d0c688ee51b8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов роҳхати сеюми олимпиро дар риштаи бокс барои Тоҷикистонро ба даст овард. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Усмонов дар 1-ум мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки 3-11 март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия доир гашт, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро соҳиб шуд. Манбаъ афзуд, ки намояндаи Тоҷикистон дар чор давр бар намояндагони Маврикий (Луис Колин), Марокаш (Нодир Абдулҳақ), Куба (Эрисленди Алварез) ва Ҷопон (Шион Нишияма) дастболо шуд. Барои Усмонов маротибаи дуюм хоҳад буд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳад кард. Вай иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд, аммо мутаассифона натавонист нишоне ба даст орад. Дар умум то ҳол ин сеюм роҳхати олимпии варзишгарони Тоҷикистон дар риштаи бокс мебошад. Пештар дар Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоуи Чин ду нафар муштани дигари тоҷик, Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг) роҳхати олимпӣ ба Порис гирифта буданд. Мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпии дигар дар намуди бокс аз 26-уми май то 2-юми июн дар Бангкоки Тайланд доир мегардад, ки он барои муштзанҳо охирин шонси гирифтани роҳхати олимпӣ хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20240227/grand-prix-grand-slam-jahoni-dushanbe-1061851042.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043196730_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_935fa2d279b0ca546ea8c3b7cc02ab8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳодур усмонов, роҳхат, ришта, бокс, олимпӣ
баҳодур усмонов, роҳхат, ришта, бокс, олимпӣ
Баҳодур роҳхати сеюми олимпиро миёни муштзанҳои тоҷик ба даст овард
10:48 12.03.2024 (Навсозишуда: 16:10 16.03.2024) Аз миёни 7 намояндаи Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи бокс дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия як нафар роҳхати олимпӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов роҳхати сеюми олимпиро дар риштаи бокс барои Тоҷикистонро ба даст овард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Усмонов дар 1-ум мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки 3-11 март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия доир гашт, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро соҳиб шуд.
Манбаъ афзуд, ки намояндаи Тоҷикистон дар чор давр бар намояндагони Маврикий (Луис Колин), Марокаш (Нодир Абдулҳақ), Куба (Эрисленди Алварез) ва Ҷопон (Шион Нишияма) дастболо шуд.
Барои Усмонов маротибаи дуюм хоҳад буд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳад кард. Вай иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд, аммо мутаассифона натавонист нишоне ба даст орад.
Дар умум то ҳол ин сеюм роҳхати олимпии варзишгарони Тоҷикистон дар риштаи бокс мебошад.
Пештар дар Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоуи Чин ду нафар муштани дигари тоҷик, Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг) роҳхати олимпӣ ба Порис гирифта буданд.
Мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпии дигар дар намуди бокс аз 26-уми май то 2-юми июн дар Бангкоки Тайланд доир мегардад, ки он барои муштзанҳо охирин шонси гирифтани роҳхати олимпӣ хоҳад буд.