https://sputnik.tj/20240316/parvanda-mansabdor-khadamot-ijro-hojitalbon-1062074326.html
Парванда алайҳи мансабдори Хадамоти иҷро барои нақзи Қонуни танзим: ҳоҷиталбон кард
Парванда алайҳи мансабдори Хадамоти иҷро барои нақзи Қонуни танзим: ҳоҷиталбон кард
Sputnik Тоҷикистон
Алайҳи мансабдор бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст
2024-03-16T19:13+0500
2024-03-16T19:13+0500
2024-03-16T19:13+0500
парванда
мансабдор
кумитаи дин
қонуни танзими ҷашну маросим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983181_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_331c48ee22b0ad5139e6c6e2d652e3af.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Алайҳи ҷрочии Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент М.Ҳ барои нақзи Қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо парванда боз шудааст.Дар ин бора дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, мавсуф ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бархилофи қонуни мазкур амал намудааст.Гуфта мешавад, ки ӯ дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Сӯҷина баъди аз адои ҳаҷи умра баргаштани хешовандони наздикаш зиёфат оростааст.Ожонс ин корро худнамоишдиҳӣ хонда гуфтааст, ки мансабдор бо роҳи исрофкорӣ маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиоширо бо иштироки миқдори зиёди меҳмонон (тахминан 100 нафар) ва бо омода намудани якчанд намуди таомҳо ташкил ва баргузор намудааст.Таъкид шудааст, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор нисбати М.Ҳ. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.Бар асоси ин модда, ҳамакнун мавсуфро то 40 ҳазор сомонӣ ҷарима интизор аст.Қаблан раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода гуфта буд, ки соли 2023 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 13 ҳазор нафар ба ҳаҷи умра рафтаанд. Дар баробари ин 63 ҳолати нақзи Қонуни танзим, яъне маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат сабт шудааст. Ӯ аз зиёд шудани ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт изҳори нигаронӣ намуд.Ба гуфтаи раиси кумита, маъракаи ҳоҷиталбон ё ҳоҷиошӣ ягон зарурати динӣ надорад, аммо имрӯзҳо аз сабаби нофаҳмӣ ҳолати худнамоӣ байни ҳоҷиён зиёд ба назар мерасад.
https://sputnik.tj/20240306/garon-narkh-bozor-khatlon-mohi-ramazon-nazorat-1061949106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983181_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_92569f00a378a5bfa66325bbf3fb28eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парванд мансабдор хадамоти иҷро ҳоҷиталбон
парванд мансабдор хадамоти иҷро ҳоҷиталбон
Парванда алайҳи мансабдори Хадамоти иҷро барои нақзи Қонуни танзим: ҳоҷиталбон кард
Алайҳи мансабдор бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Алайҳи ҷрочии Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент М.Ҳ барои нақзи Қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо парванда боз шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мавсуф ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бархилофи қонуни мазкур амал намудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Сӯҷина баъди аз адои ҳаҷи умра баргаштани хешовандони наздикаш зиёфат оростааст.
Ожонс ин корро худнамоишдиҳӣ хонда гуфтааст, ки мансабдор бо роҳи исрофкорӣ маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиоширо бо иштироки миқдори зиёди меҳмонон (тахминан 100 нафар) ва бо омода намудани якчанд намуди таомҳо ташкил ва баргузор намудааст.
Таъкид шудааст, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор нисбати М.Ҳ. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бар асоси ин модда, ҳамакнун мавсуфро то 40 ҳазор сомонӣ ҷарима интизор аст.
Қаблан раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода гуфта буд, ки соли 2023 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 13 ҳазор нафар ба ҳаҷи умра рафтаанд.
Дар баробари ин 63 ҳолати нақзи Қонуни танзим, яъне маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат сабт шудааст. Ӯ аз зиёд шудани ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт изҳори нигаронӣ намуд.
Ба гуфтаи раиси кумита, маъракаи ҳоҷиталбон ё ҳоҷиошӣ ягон зарурати динӣ надорад, аммо имрӯзҳо аз сабаби нофаҳмӣ ҳолати худнамоӣ байни ҳоҷиён зиёд ба назар мерасад.