Гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расид

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТорговый порт
Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Обуна шудан
Ҳаҷми умумии гардиши моли Федератсияи Русия бо хориҷи наздик 7% - аз 52,5 то 56,2 млрд доллар афзоиш ёфта, Қазоқистон шарики асосӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Мубодилоти тиҷории Русия бо кишварҳои ҳамсоя дар соли 2023 афзуда, ба сатҳи рекордии 56,2 миллиард доллар расид.
Тибқи ҳисобҳои РИА "Новости" бар асоси омори миллӣ, шарикони асосии тиҷорат Қазоқистон, Узбакистон ва Арманистон мебошанд.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии гардиши мол бо хориҷи наздик 7% - аз 52,5 то 56,2 млрд доллар афзоиш ёфт.
Қазоқистон шарики асосии тиҷоратии Русия дар байни кишварҳои ҳамсояи Осиё гардид: гардиши мол бо он дар давоми сол мӯътадил боқӣ монда, 26 миллиард долларро ташкил дод.
Дувумин шарики бузургтарини Русия дар минтақа Узбекистон шуд: мубодилоти мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2022 5,4 фоиз афзуда, ба 9,9 миллиард доллар расид.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Тиҷорат миёни Русияву Тоҷикистон рекордӣ шуд: чӣ доданду чӣ гирифтанд?
Се ҷои аввалро Арманистон бастааст, ки гардиши мол бо он дар охири соли гузашта 1,4 баробар афзуда, ба 7,3 миллиард доллар расидааст.
Пас аз он Озарбойҷон қарор дорад, ки муомилоти мол бо он соли гузашта қариб 18% афзуда, ба 4,4 миллиард доллар баробар гардид.
Қирғизистон панҷумин шарики тиҷоратии Русия шуд ва гардиши мол бо он 17% коҳиш ёфта, ба 2,9 миллиард доллар расид.
Гардиши коло бо Тоҷикистон андаке - 2,7% афзуда, рекорди 1,7 миллиард долларро ташкил дод.
Қаблан намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе гуфта буд, ки ФР аз Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0