https://sputnik.tj/20240311/muloqot-ruhoniho-rahmon-mashvarati-kori-1062006040.html
Баъди мулоқот бо руҳониҳо: Раҳмон бо мақомдорон машварат баргузор кард
Баъди мулоқот бо руҳониҳо: Раҳмон бо мақомдорон машварат баргузор кард
Sputnik Тоҷикистон
Машварати корӣ барои татбиқи дастуру супоришҳое даъват шуд, ки зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон бо фаъолон ва ходимони дин садо доданд
2024-03-11T16:34+0500
2024-03-11T16:34+0500
2024-03-11T16:36+0500
дар тоҷикистон
ҳоҷӣ
эмомалӣ раҳмон
машварати корӣ
озодӣ
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/01/1061898218_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_895251e511676396d938d0c41162a263.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар машварати корӣ гузаронд. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, машварати мазкур ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, зимни мулоқоти раисҷумҳур бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин рӯзи 9 март садо дода буд, равона гардид. Раҳмон таъкид дошт, ки масъулин нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ бояд чораҷӯӣ шавад. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ зикр намудаст, ки номатлуб арзёбӣ гардидаанд. Роҳбари давлат баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистон даъват кардаст, ки аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода шавад.
https://sputnik.tj/20240308/modar-rozi-khudo-rahmon-mardon-zanon-begonaparasti-1061974301.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/01/1061898218_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_3f95de2441bb6b7339d4d7d645d18690.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, эмомалӣ раҳмон, супориш, фаъолон, президент
мулоқот, эмомалӣ раҳмон, супориш, фаъолон, президент
Баъди мулоқот бо руҳониҳо: Раҳмон бо мақомдорон машварат баргузор кард
16:34 11.03.2024 (Навсозишуда: 16:36 11.03.2024) Машварати корӣ барои татбиқи дастуру супоришҳое даъват шуд, ки зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон бо фаъолон ва ходимони дин садо доданд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар машварати корӣ гузаронд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, машварати мазкур ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, зимни мулоқоти раисҷумҳур бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин рӯзи 9 март садо дода буд, равона гардид.
Раҳмон таъкид дошт, ки масъулин нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ бояд чораҷӯӣ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ зикр намудаст, ки номатлуб арзёбӣ гардидаанд.
Роҳбари давлат баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистон даъват кардаст, ки аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода шавад.