Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои тақсимоти об дар давраи кишти баҳорӣ

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон / Султан Досалиевфлаги Таджикистана и Кыргызстана
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2024
Обуна шудан
Дар вохӯрӣ ғайр аз раисони ноҳияи Ботканду Исфара намояндагони сохторҳои қудратӣ, раёсатҳои хоҷагии об ва роҳбарони ниҳодҳои дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон дар як вохӯрӣ масъалаи кишти баҳориро дар минтақаҳои наздимарзӣ баррасӣ карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуотии ҳукумати Исфара Зубайдулло Шомадов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, вохӯрӣ дар мавзеи Торт-Кочу дар сарҳади деҳаи Орто Бози авули Ак-Татири ноҳияи Ботканд ва деҳаи Хоҷаи Аълои Исфараи Тоҷикистон доир гардидааст.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ раиси ноҳияи Исфара Баҳодваддин Баҳодурзода ва ҷониби Қирғизистонро ҳокими ноҳияи Ботканд Учкунбек Жоробоев роҳбарӣ кардаанд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони Раёсатҳои хоҷагии об ва роҳаброни ниҳодҳои дахлдор аз ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд.
Тавре манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо дар ин дидор масоили марз, тартиботи ҳуқуқӣ, киштукори баҳорӣ, тозакунии ҷӯйбор ва наҳрҳо, инчунин пешгирии ҳолатҳои муноқиша ва иғвоангезиҳои гуногунро баррасӣ кардаанд.
Главы МИД Таджикистана и Кыргызстана Сироджиддин Мухриддин и Жээнбек Кулубаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 феврал дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки соли 2023 гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 ҷаласа гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои онҳо тавсифи 169,48 километр хатти сарҳади давлатӣ анҷом дода шуд.
Масофаи умумии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 987,6 километрро ташкил медиҳад.
Гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марз байни кишварҳо аз соли 2022 идома доранд.
Сокинони деҳаҳаҳои наздимарзии ду кишвар борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ба муноқиша пардохтанд, ки чандин бор боиси задухӯрдҳои мусаллаҳон шуда буданд.
Қитъаҳои баҳснок асосан дар мавзеи тақсимоти об, чарогоҳу қитъаи заминҳо, ки ҳарду ҷониб қаламрави худ мешуморанд, ҷойгиранд.
Лентаи хабарҳо
0