https://sputnik.tj/20240303/vaziron-kor-khorijii-tojikiston-qirghiz-marzi-1061910996.html
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи меҳварии мулоқоти вазирон буд
2024-03-03T14:18+0500
2024-03-03T14:18+0500
2024-03-03T14:19+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
сироҷиддин муҳриддин
мулоқот
баррасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/03/1061909208_0:157:1280:877_1920x0_80_0_0_654435283b53f8f0630200b207549640.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар ҳошияи баргузории Форуми дипломатии Анталия масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон низ баррасӣ шуданд. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубаев дар доираи форум мулоқот анҷом дода, азми дуҷонибро барои ҳалли зудтари масоили марзӣ баён доштанд. "Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла раванди фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро муҳокима намуданд", - омадааст дар иттилоия. Зимнан вазирон бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли зудтари масъалаҳои сарҳадӣ, ки аз дастурҳои роҳбарияти олии ду кишвар бар меоянд, таъкид карданд, афзуд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Қаблан Муҳриддин изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд дар бораи ҳудуди 100 километри дигари марзи муштарак созиш кунанд. Қитъаи ҳамоҳангнашуда тақрибан 10% дарозии сарҳади давлатиро ташкил медиҳад, афзуд вазири тоҷик ва таъкид намуд, ки ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.Ӯ тавзеҳ дод, ки "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондаанд ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд". Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.
https://sputnik.tj/20240218/muzokirot-yakhaftainai-marzi-tojikiston-qirghiziston-1061747355.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/03/1061909208_0:37:1280:997_1920x0_80_0_0_3180db569cd6a742153e2d348027a93b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаъолият, комиссия, тоҷикистон, қирғизистон, баландпоя
фаъолият, комиссия, тоҷикистон, қирғизистон, баландпоя
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд
14:18 03.03.2024 (Навсозишуда: 14:19 03.03.2024) Фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи меҳварии мулоқоти вазирон буд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар ҳошияи баргузории Форуми дипломатии Анталия масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон низ баррасӣ шуданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубаев дар доираи форум мулоқот анҷом дода, азми дуҷонибро барои ҳалли зудтари масоили марзӣ баён доштанд.
"Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла раванди фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро муҳокима намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Зимнан вазирон бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли зудтари масъалаҳои сарҳадӣ, ки аз дастурҳои роҳбарияти олии ду кишвар бар меоянд, таъкид карданд, афзуд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Қаблан Муҳриддин изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд дар бораи ҳудуди 100 километри дигари марзи муштарак созиш кунанд. Қитъаи ҳамоҳангнашуда тақрибан 10% дарозии сарҳади давлатиро ташкил медиҳад, афзуд вазири тоҷик ва таъкид намуд, ки ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
Ӯ тавзеҳ дод, ки "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондаанд ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд".
Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.