Моҳияти амиқи моҳи шарифи Рамазон барои мусалмонон дар чист?

© AFP 2023 / Ryan Lim Мечеть шейха Заида во время священного месяца Рамадана в ОАЭ
Мечеть шейха Заида во время священного месяца Рамадана в ОАЭ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2024
Обуна шудан
Моҳияти моҳи мубораки Рамазон дар чист ва ҳар як мусалмон ҳангоми рӯзадорӣ бояд дар бораи чӣ фикр кунад, дар ин бора воизони дин хотиррасон мекунанд.
ДУШАНБЕ, 15 март — Sputnik. Тамоми мусалмонони ҷаҳон ба рӯзадории фарзии моҳи шарифи Рамазон шурӯъ карданд.
Ин на танҳо давраи худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан, балки муборизаи равонӣ ва тарбияи рӯҳ аст. Ва беҳтарин вақт барои ёдоварӣ аз он аст, ки мувофиқи таълимоти исломӣ яке гуноҳҳо ин нифоқ аст, зеро мунофиқ ҳаргиз вориди биҳишт намегардад.
Аз ин рӯ, барои мусалмон махсусан муҳим аст, ки паҳлӯи русумоти моҳи Рамазон маънои амиқи рӯза доштанро барои рӯҳи мӯъмин пӯшида насозад.
"Рамазон, пеш аз ҳама, поксозии нафс, пок кардани вуҷуд аз ҳар гуна гуноҳ аст. Аз хатогиҳое, ки дар тӯли сол ҷамъ шудаанд. Ва аз ин лиҳоз, рӯза метавонад моро мусбатандигаргун созад, агар мо азаввал худамон бо тавба ва намоз барои ин талош кунем. Чуноне ки дар Қуръони карим гуфта шудааст, то оне ки худамон хешро тағйир надиҳем, Худои таъоло моро тағйир намедиҳад,", - қайд мекунад муовини сарвари раёсати динии мусулмонони Русия Рушан Аббясов.
Рамазан–2023 в Таджикистане:
расписание поста по дням - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Рамазон - 2024: тақвими рӯза
Ӯ ёдовар мешавад, ки маҳз ба давраи рӯзадорӣ шаби Қадр рост меояд, шаби махсусе, ки ба 26 ва 27-уми моҳи Рамазон рост меояд, шабе, ки ба паёмбари Худо Муҳаммад (с) ҳадяи нахустин- сураи Қуръон нозил шуд.
Маҳз дар ин шаб, мувофиқи таълимоти исломӣ, Худои Таъолоба мӯъмин тавфиқ медиҳад, ки рӯҳанболотар гардад, агар мӯъмин самимона аз гуноҳҳои худ тавба кунад ва Қуръонро бо андеша ва дили соф қироат кунад.
Аммо ин гуна поксозӣ аз боло якбора ба амал намеояд. Пеш аз он кори тулонӣ ва муборизаи душвор бо аъмоли худ мебояд, ки ба он дар моҳи шарифи Рамазон диққати махсус додан лозим аст.
"Муҳим аст, ки аз андешаҳои бад, гуфтор ва аъмоли номатлуб, беҳуда сарф кардани вақт, одатҳои зиштпарҳез кунед. Ба ҷои ин, шумо бояд тарзи ҳаёти солимро риоя кунед, бештар ба мутолиаи китобҳои муфид, дуоҳо диққат диҳед ва дар қалб барои шукронаи Худованди мутаъол ҷой пайдо кунед.”, таъкид мекунад муфтии Маскав Илдар Аляутдинов.
Ба эътиқоди ӯ, чунин “азнавсозӣ”-и ҳарсолаи рӯҳӣ ва ҷисмонӣ барои мӯъмин ниҳоят муфид аст, зеро Худованд барои инсонҳо танҳо некӣ раво мебинад ва имкон медиҳад, ки ҳам саломатии баданро беҳбуд бахшанд ва ҳам ба дигаргуниҳои ботинӣ ноил шаванд.
Аммо, шояд муҳимтарин ҷузъи моҳи Рамазон, ки бидуни он поксозии рӯҳонӣ ғайриимкон аст, ҳарчанд мусулмон бо ҷидду ҷаҳд рӯза бигирад ва бо ҷидду ҷаҳд намоз гузорад, ин меҳрубонӣ ва шафқат нисбат ба атрофиён аст.
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2024
Марг аз ташнагӣ, манъи бӯса: 5 иштибоҳи қолабии маъмул дар бораи Рамазон
Ба эътиқоди мубаллиғони исломӣ, рӯзадорӣ беҳтарин фурсатест барои ба таври комил ба дигарон нишон додани зеботарин хислатҳои инсонӣ, ҳам раҳму шафқат, ҳам меҳрубонӣ, ҳам саховатмандӣ ва ҳамчунин бо намунаи худ ба дигарон илҳом бахшидан аст.
Ба гуфтаи Аляутдинов, чунин тарзи зиндагӣ, ки дар давоми моҳи рӯзадорӣ инкишоф меёбад, тадриҷан ба тарзи маъмули зиндагии мӯъмин табдил ёфта, ӯро ба комёбӣ ҳам дар дунё ва ҳам дар охират мерасонад.
Рушон Аббясов ҳам ба ин комилан розӣ аст.
"Албатта, рӯзадорӣ ба мо имкон медиҳад, ки аҳволи эҳтиёҷмандонро боз ҳам бештар дарк кунем. Аз ин рӯ, мо садақаи махсус- закоти фитрро ба одамоне, ки аҳволашон аз мо хеле бадтар аст, тақсим мекунем. Ин як фурсате барои анҷом додани амалҳои нек, шукргузорӣ ба Худованди мутаъол аст, ки мо метавонем моҳи Рамазонро бо сиҳатӣ гузаронем”, - шарҳ дод мубаллиғ ба Sputnik Тоҷикистон.
Моҳи Рамазон яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонони парҳезгор фарз аст. Дар давоми моҳ, аз тулӯъ то ғуруби офтоб, мӯъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва алоқаи ҷинсӣ даст кашад.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Рӯзадорӣ бо чароғ ё шамъ: Барқрасонӣ дар Рамазон беҳтар мешавад?
Рамазон вақти дуо ва руҷӯъ ба сӯи Худост. Мусулмон бояд ҳар рӯзро бо нияти нек оғоз кунад, ки омодагиашро барои рӯзадорӣ тасдиқ мекунад.
Барои беморон, пиронсолон, кӯдакон ва ҳамаи онҳое, ки шароити вазнини рӯзадорӣ ба саломатӣ ва ҳатто ба ҳаёташонтаҳдид мекунад, имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.
Моҳи Рамазон бо намози умумӣ ва баъд аз он бо иди бузурги Иди Фитр, ки се рӯз давом мекунад, ба поён мерасад. Мардум бо шукргузории Худованд, хешу табор ва дӯстонро зиёфат медиҳанд. Саховат, махсусан тақсими садақа, шарти ҳатмии ид аст.
Лентаи хабарҳо
0