https://sputnik.tj/20240311/rohbariyat-khostori-barqi-beshtar-tojikiston-1062007000.html
Рӯзадорӣ бо чароғ ё шамъ: Барқрасонӣ дар Рамазон беҳтар мешавад?
Рӯзадорӣ бо чароғ ё шамъ: Барқрасонӣ дар Рамазон беҳтар мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъияти "Шабакаи тақсимоти барқ" дар Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шаҳрванди хориҷӣ ба уҳда дорад, барои беҳбуди таъминот муваззаф шудаст
2024-03-11T18:14+0500
2024-03-11T18:14+0500
2024-03-11T18:14+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
нерӯ
пойтахт
хат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0d/1031726817_0:185:2352:1508_1920x0_80_0_0_e8fb7fef2b3daa7415ded9169856df8e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раёсати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар Тоҷикистон дастур додааст, ки таъминоти барқ дар кишварро бо оғози Рамазон то 8 соат дар як шабонарӯз зиёд кунанд. Тибқи дастури раиси ҷамъияти мазкур, Арвинд Гуҷрал, сохторҳо вазифадор шудаанд, ки аз 11 марти соли 2024 ҳамарӯза аз соатҳои 04:00 то 08:00 ва аз 17:00 то 21:00 ба аҳолӣ пурра барқ таъмин гардад. Таъкид шудааст, ки ин ҳолат то пурра бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ идома хоҳад дошт. Дастур дода шудааст, ки бори системаи энергетикӣ, меъёри истифодабарӣ ва вақти маҳдудият зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Ахиран сокинони бархе аз навоҳии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар шабонарӯз ҳамагӣ 5 соат нерӯи барқ мегиранд. Шом аз соати 18:00 то 21:00 ва саҳар аз соати 06:00 то 08:00 барқ меояд, дигар вақт комилан барқ нест, афзуданд мусоҳибҳо.Дар нахустин рӯзи баҳор дар Тоҷикистон сокинони пойтахти кишвар низ дучори маҳдудияти интиқоли барқ гардиданд. Камбуди барқ, ки одатан хоси навоҳӣ буд, ба пойтахт ҳам расид. Масъулин барқкуширо ба садама ва сарбории зиёд дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ рабт доданд.
https://sputnik.tj/20240310/azmi-iiao-tashkil-bozor-mushtarak-energetiki-1061986847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0d/1031726817_48:0:2304:1692_1920x0_80_0_0_225644a1b872c78fb059f62425896cd2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъминот, барқ, тоҷикистон, уҳда, шабакаи тақсимот
таъминот, барқ, тоҷикистон, уҳда, шабакаи тақсимот
Рӯзадорӣ бо чароғ ё шамъ: Барқрасонӣ дар Рамазон беҳтар мешавад?
Ҷамъияти "Шабакаи тақсимоти барқ" дар Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шаҳрванди хориҷӣ ба уҳда дорад, барои беҳбуди таъминот муваззаф шудаст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раёсати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар Тоҷикистон дастур додааст, ки таъминоти барқ дар кишварро бо оғози Рамазон то 8 соат дар як шабонарӯз зиёд кунанд.
Тибқи дастури раиси ҷамъияти мазкур, Арвинд Гуҷрал, сохторҳо вазифадор шудаанд, ки аз 11 марти соли 2024 ҳамарӯза аз соатҳои 04:00 то 08:00 ва аз 17:00 то 21:00 ба аҳолӣ пурра барқ таъмин гардад.
Таъкид шудааст, ки ин ҳолат то пурра бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ идома хоҳад дошт.
Дастур дода шудааст, ки бори системаи энергетикӣ, меъёри истифодабарӣ ва вақти маҳдудият зери назорати қатъӣ гирифта шавад.
Ахиран сокинони бархе аз навоҳии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар шабонарӯз ҳамагӣ 5 соат нерӯи барқ мегиранд. Шом аз соати 18:00 то 21:00 ва саҳар аз соати 06:00 то 08:00 барқ меояд, дигар вақт комилан барқ нест, афзуданд мусоҳибҳо.
Дар нахустин рӯзи баҳор дар Тоҷикистон сокинони пойтахти кишвар низ дучори маҳдудияти интиқоли барқ гардиданд. Камбуди барқ, ки одатан хоси навоҳӣ буд, ба пойтахт ҳам расид.
Масъулин барқкуширо ба садама ва сарбории зиёд дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ рабт доданд.