Даъвати мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон барои тарбияи футболбозони наврас

© ФФТМолодежная сборная Таджикистана. Архивное фото
Молодежная сборная Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2024
Обуна шудан
Федератсияи Футболи Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон то 17 ва то 20 сола сармураббиёни хориҷӣ таъйин шудаанд
ДУШАНБЕ, 14мар — Sputnik. Мутахассиси 56-солаи итолиёвӣ Марко Раҷини сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин шуд, иттилоъ додаааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, таҳти роҳбарии Марко Раҷини дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи октябри имсол баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Марко Раҷини мураббии футболи итолиёвӣ ва Сан-Мариногӣ мебошад. Ӯ фаъолияти мураббигияшро дар Сан-Марино оғоз намудааст. Давоми солҳои зиёд Раҷини ба ситоди мураббиёни дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва дастаи асосии Сан-Марино дохил буд. Вай чанд сол дар Швейтсария кор кардааст. Ҳамчунин дар дастаҳои футболи Литва, Конго, Нигерия, Муғулистон ва Малайзия таҷрибаи корӣ дорад.
Иштироки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ дар мусобиқаи аспдавонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Аз футбол то сармоя ва аспдавонӣ: Раҳмон ва амири Қатар аз чӣ гуфтанд?
Аз соли гузашта Марко Раҷин ба ҳайси директори техникии Академияи "Ювентус" дар Душанбе ва мушовири раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон адои вазифа менамояд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода буд, ки мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таъйин шуд.
Манбаъ қайд кард, ин мутахассиси хориҷӣ дастаро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Милош Костич дар замонҳои гуногун сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ӯ ҳамчунин бошгоҳҳои "Срвена Звезда" (Сербия), "Железничар" (Босния ва Ҳерсеговина), "Ахарнаикос", "Ираклис", "Трикала" (ҳама аз Юнон), "Люфтетари" (Албания) ва "Сент-Трюден" (Белгия)-ро роҳбарӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0