Аз футбол то сармоя ва аспдавонӣ: Раҳмон ва амири Қатар аз чӣ гуфтанд?

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонИштироки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ дар мусобиқаи аспдавонӣ
Иштироки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ дар мусобиқаи аспдавонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо амири Қатар ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, сипас якҷоя дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ иштирок намудаанд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Аз футбол то аспдавонию сармоягузорӣ аз мавзуъҳои меҳварии суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон будаанд, ки бо сафари кории якрӯза ба Қатар рафтаст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар бо Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот кардааст.
Раҳмон Шайх Тамим ибни Ҳамадро бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо изҳори қадрдонӣ намудаст.
Амири Қатар дар навбати худ ба ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини футболи Осиё ворид шудани дастаи Тоҷикистонро дастоварди пуршараф номида, роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин натиҷаи баланд шодбош гуфтаст.
Панорама города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2024
Қатар дар Душанбе шаҳраки нав месозад?
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷалби сармояи қатарӣ ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзиро баррасӣ намудаанд. Онҳо аз оғози фаъолияти амалии гурӯҳҳои муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда истиқбол намуданд.
Пас аз мулоқот Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ Эмомалӣ Раҳмонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд.
Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт, афзуд дафтари матбуот.
Лентаи хабарҳо
0