https://sputnik.tj/20240313/tojikiston-voridoti-moshinhoi-barqiro-ziyod-khohad-kard-1062036923.html
Тоҷикистон воридоти мошинҳои барқиро зиёд хоҳад кард
Тоҷикистон воридоти мошинҳои барқиро зиёд хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт кишвар ахиран эълон кардааст, ки Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30% афзоиш диҳад.
2024-03-13T17:21+0500
2024-03-13T17:21+0500
2024-03-13T19:58+0500
дар тоҷикистон
вазорати нақлиёт
мошинҳо
барқӣ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048005079_0:117:3227:1932_1920x0_80_0_0_6d8d2faf0e0da35dd9ca9644113c7b2a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар ба Тоҷикистон ворид кардани мошинҳои барқӣ меафзояд. Ба иттилои манбаъ, соли 2023 тақрибан 3.3 ҳазор мошинҳои барқӣ харидорӣ карда шуданд, минбаъд ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳиссаи онҳоро то 20-30% афзоиш диҳад.Ҳадаф аз воридоти бештари ин навъ мошинро вазорат пеш аз ҳама коҳиш додани вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории воридотӣ арзёбӣ кард.Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ба Кодекси андози ҶТ тағйирот ворид карда шуд, ки воридоти нақлиёти барқӣ ба кишварро бидуни боҷи гумрукӣ дар 10 соли оянда, инчунин озод кардани онҳоро аз андоз ва аксизҳо пешбинӣ мекунанд.Тибқи маълумоти РБДА ВКД Тоҷикистон, то 1 марти соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ расман 667 ҳазор воситаи нақлиёти автомобилӣ - сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст.Манбаъ қайд кардааст, ки як сол пеш ин рақам ба 601 ҳазор баробар буд.“Айни замон дар кишвар 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд”, - таъкид кардааст манбаъ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки агар дар соли 2014 дар мамлакат 389 ҳазор воситаи нақлиёт (ҳама намудҳо) мавҷуд буд, пас то 1 марти соли 2023 дар ҷумҳурӣ 51781 мошини боркаш, 16491 мошини мусофирбар, 524045 адад автомобили сабукрав, инчунин 4419 притсеп ва нимпритсеп ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20240313/tojikuiston-avtomobil-qayd-girifta-posukhi-maqomot-1062026152.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048005079_141:0:2870:2047_1920x0_80_0_0_be4f6bfc6c429133dd3b505c3bf3a0d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, воридот, мошинҳои барқӣ, афзоиш, вазорати нақлиёт
тоҷикистон, воридот, мошинҳои барқӣ, афзоиш, вазорати нақлиёт
Тоҷикистон воридоти мошинҳои барқиро зиёд хоҳад кард
17:21 13.03.2024 (Навсозишуда: 19:58 13.03.2024) Вазорати нақлиёти кишвар ахиран эълон кардааст, ки Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30% афзоиш диҳад.
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар ба Тоҷикистон ворид кардани мошинҳои барқӣ меафзояд.
Ба иттилои манбаъ, соли 2023 тақрибан 3.3 ҳазор мошинҳои барқӣ харидорӣ карда шуданд, минбаъд ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳиссаи онҳоро то 20-30% афзоиш диҳад.
Ҳадаф аз воридоти бештари ин навъ мошинро вазорат пеш аз ҳама коҳиш додани вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории воридотӣ арзёбӣ кард.
"Илова бар ин, бо гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки асосан мошинҳо ихроҷ мекунанд, кам мешавад", - тавзеҳ дод вазорат.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ба Кодекси андози ҶТ тағйирот ворид карда шуд, ки воридоти нақлиёти барқӣ ба кишварро бидуни боҷи гумрукӣ дар 10 соли оянда, инчунин озод кардани онҳоро аз андоз ва аксизҳо пешбинӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти РБДА ВКД Тоҷикистон, то 1 марти соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ расман 667 ҳазор воситаи нақлиёти автомобилӣ - сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки як сол пеш ин рақам ба 601 ҳазор баробар буд.
“Айни замон дар кишвар 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки агар дар соли 2014 дар мамлакат 389 ҳазор воситаи нақлиёт (ҳама намудҳо) мавҷуд буд, пас то 1 марти соли 2023 дар ҷумҳурӣ 51781 мошини боркаш, 16491 мошини мусофирбар, 524045 адад автомобили сабукрав, инчунин 4419 притсеп ва нимпритсеп ба қайд гирифта шудааст.