https://sputnik.tj/20240313/sokhtmon-bino-vazorati-farhang-maorif-sanoat-dushanbe-oghoz-1062035005.html
Се вазорат дар Душанбе соҳиби бинои нав мешаванд
Се вазорат дар Душанбе соҳиби бинои нав мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе ба сохтмони биноҳои нави вазорати фарҳанг ва вазорати саноат ва технологияҳои нав оғоз бахшид
2024-03-13T14:46+0500
2024-03-13T14:46+0500
2024-03-13T18:38+0500
эмомалӣ раҳмон
рустам эмомалӣ
дар тоҷикистон
бино
сохтмон
вазорати фарҳанг
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0d/1062034466_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_febf9cce2982817deef5eb5dc4d776b4.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузоштанд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.Қайд карда шудааст, ки бинои нав имкон медиҳад, ки тамоми кормандони Вазорати саноат дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолиятро дар шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ таъмин намоянд.Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта мешавад.Ҳамчунин президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе ба лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна иборат хоҳад буд.Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.Қайд карда шудааст, ки ин иншоот дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди ба истифода дода хощад шуд.Инчунин дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ оғоз ёфт.Бинои ин вазорат низ аз 18 ошёна иборат мебошад ва на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имкониятҳои муосири кориро фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд.Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеъи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гушаву канори шаҳр кору фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд.Манбаъ қайд кардааст, ки бинои мазкур дар муҳлати 3 сол ба истифода дода мешавад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0d/1062034466_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_b34e61bef4a8adcd0282fbec2aa1ca85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, рустами эмомалӣ, сохтмон, бино, вазорати фарҳанг, саноат, маориф ва илм, душанбе
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, рустами эмомалӣ, сохтмон, бино, вазорати фарҳанг, саноат, маориф ва илм, душанбе
Се вазорат дар Душанбе соҳиби бинои нав мешаванд
14:46 13.03.2024 (Навсозишуда: 18:38 13.03.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе ба сохтмони биноҳои нави вазоратҳои фарҳанг, маориф, саноат ва технологияҳои санги асос гузошт
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузоштанд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.
Қайд карда шудааст, ки бинои нав имкон медиҳад, ки тамоми кормандони Вазорати саноат дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолиятро дар шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ таъмин намоянд.
Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта мешавад.
Ҳамчунин президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе ба лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна иборат хоҳад буд.
Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.
Қайд карда шудааст, ки ин иншоот дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди ба истифода дода хощад шуд.
Инчунин дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ оғоз ёфт.
Бинои ин вазорат низ аз 18 ошёна иборат мебошад ва на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имкониятҳои муосири кориро фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд.
Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеъи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гушаву канори шаҳр кору фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд.
Манбаъ қайд кардааст, ки бинои мазкур дар муҳлати 3 сол ба истифода дода мешавад.