Ҷасади духтарчаи гумшуда дар Ӯзбекистон пайдо шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевКурорт Кохи Малика в Таджикистане
Курорт Кохи Малика в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2024
Обуна шудан
Баъди як моҳ, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 10- соларо аз ҳудуди вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт карданд
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Ин хабарро котиби матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд, Диловар Ҳамдамов ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
Бино ба иттилоъи манбаъ ғаввосони узбекистонӣ аснои корҳои ҷустуҷӯӣ баъд аз зуҳри дирӯз ҷасади духтарчаи гумшударо аз қаъри дарё аз ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарё пайдо кардаанд.
“Ҳуҷҷатҳо омода карда мешаванд, қарор аст имрӯз ҷасад ба волидонаш ба шаҳри Хуҷанд интиқол шавад” – гуфт, Ҳамдамов.
Қаблан ин манбаъ гуфта буд, ки аз ҷониби масъулини ин ниҳод ба унвонии Идораи ҳолатҳои фавқуллодаи Ӯзбекистон нома фиристода буданд, то дар ёфтани ҷасади навраси тоҷик аз поёноби дарёи Сир кӯмак кунанд.
Детские качели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2024
Дар Хуҷанд пулис ва наҷотдиҳандагон духтарчаи гумшударо меҷӯянд
Ёдовар мешавем, ки духтарчаи 10 - солаи сокини шаҳри Хуҷанд, дар мактаби № 1 таҳсил мекард, рӯзи 7-уми феврали имсол нопадид шуд.
Сабти дурбинҳои назоратӣ бори охир ӯро дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон дод. Дар ин ҷой маҳаллаи ҳавлии Раҳматовҳо – волидонаш ҷойгир аст ва дар канори он дарёи Сир мегузарад.
Қарор аст имрӯз ҷанозаи духтарча дар қабристони шаҳри Хуҷанд ба хок супурда шавад.
Лентаи хабарҳо
0