https://sputnik.tj/20240210/khujand-pulis-najotdihandagon-safiya-mejuyand-1061646602.html
Дар Хуҷанд пулис ва наҷотдиҳандагон духтарчаи гумшударо меҷӯянд
Дар Хуҷанд пулис ва наҷотдиҳандагон духтарчаи гумшударо меҷӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Як хонандаи 9-солаи гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд се рӯз пеш нопадид шуд, наҷотдиҳандагон, маъмурони пулис ва сокинони маҳаллӣ ӯро ҷустуҷӯ доранд
2024-02-10T19:07+0500
2024-02-10T19:07+0500
2024-02-10T19:09+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0a/1061644195_0:213:2885:1836_1920x0_80_0_0_5b8b41ff134e257d3d76a056e814e355.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Дар Хуҷанд намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамроҳ бо кормандони пулис ва аҳолӣ духтари гумшудаеро ҷустуҷӯ доранд. Духтари 9-сола рӯзи 7 феврал ғайб зад. Вай барои сайру гашт ба майдончаи бозии назди хонаашон, ки дар кучаи Раҳмон Набиев, дар соҳили чапи Сирдарё воқеъ аст, рафтаву барнагаштааст. Мудири шуъбаи маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода зимни нишасти хабарӣ гуфт, 3 рӯз боз дар кӯчаву микроноҳияҳои шаҳр ҷустуҷӯ идома дорад. Ғаввосони КҲФ дар Сирдарё корҳои ҷустуҷӯӣ мебаранд. Дар зарфи 2 руз қариб 20 километр каъри дарё то сарҳади ноҳияҳои атрофи Хуҷанд аз назар гузаронидаанд, вале то ҳол дараке аз нафари ҷустуҷушаванда нест. Ба гуфтаи вай, духтарак хуб мехонд, омӯзгорони мактаб дар рафтораш ягон тағйиротро мушоҳида накардаанд. Маълумот дар бораи нопадид шудани кӯдак бисёре аз сокинони Хуҷандро нигарон карда, онҳо ҷустуҷӯи дастаҷамъона ташкил кардаанд. Волидонаш изҳори умедворӣ мекунанд, ки фарзандашон пайдо шуда рӯзе ба хона медарояд.Қаблан дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қабул шуда буд. Кӯдаке, ки қобилияти мустақилона баён кардани фикри худро дорад, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бевосита ба мақомоти васояту парасторӣ, инчунин ба дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат намояд.
https://sputnik.tj/20240117/kudakon-tojikiston-alayh-volidon-maqomot-1061309290.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0a/1061644195_78:0:2809:2048_1920x0_80_0_0_aa9ece662ed0e256023abb5348289077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд пулис наҷотдиҳандагон духтарча гумшуда меҷӯянд
хуҷанд пулис наҷотдиҳандагон духтарча гумшуда меҷӯянд
Дар Хуҷанд пулис ва наҷотдиҳандагон духтарчаи гумшударо меҷӯянд
19:07 10.02.2024 (Навсозишуда: 19:09 10.02.2024) Як хонандаи 9-солаи гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд се рӯз пеш нопадид шуд, наҷотдиҳандагон, маъмурони пулис ва сокинони маҳаллӣ ӯро ҷустуҷӯ доранд
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Дар Хуҷанд намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамроҳ бо кормандони пулис ва аҳолӣ духтари гумшудаеро ҷустуҷӯ доранд.
Духтари 9-сола рӯзи 7 феврал ғайб зад. Вай барои сайру гашт ба майдончаи бозии назди хонаашон, ки дар кучаи Раҳмон Набиев, дар соҳили чапи Сирдарё воқеъ аст, рафтаву барнагаштааст.
Мудири шуъбаи маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода зимни нишасти хабарӣ гуфт, 3 рӯз боз дар кӯчаву микроноҳияҳои шаҳр ҷустуҷӯ идома дорад.
Ғаввосони КҲФ дар Сирдарё корҳои ҷустуҷӯӣ мебаранд. Дар зарфи 2 руз қариб 20 километр каъри дарё то сарҳади ноҳияҳои атрофи Хуҷанд аз назар гузаронидаанд, вале то ҳол дараке аз нафари ҷустуҷушаванда нест.
"Духтар дар синфи 3-юми гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад. 7 феврал соати 11: 30 аз мактаб рухсат шуда ба хонаашон баргашта соати 13: 30 аз хона ба кӯча баромада бо ҳамин нопадид шудааст” – гуфт, Набизода.
Ба гуфтаи вай, духтарак хуб мехонд, омӯзгорони мактаб дар рафтораш ягон тағйиротро мушоҳида накардаанд.
Маълумот дар бораи нопадид шудани кӯдак бисёре аз сокинони Хуҷандро нигарон карда, онҳо ҷустуҷӯи дастаҷамъона ташкил кардаанд.
Волидонаш изҳори умедворӣ мекунанд, ки фарзандашон пайдо шуда рӯзе ба хона медарояд.
Қаблан дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қабул шуда буд.
Кӯдаке, ки қобилияти мустақилона баён кардани фикри худро дорад, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бевосита ба мақомоти васояту парасторӣ, инчунин ба дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат намояд.