Grand Prix-и Душанбе Grand Slam шуд: Минбаъд паҳлавонҳои ҷаҳонӣ ба Душанбе меоянд

© SputnikГран-при по дзюдо в Душанбе
Гран-при по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2024
Обуна шудан
Мақомоти ҷодаи варзиши Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо Душанберо ба мизбони яке аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ табдил додаанд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон мизбони яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” мегардад, ки нахустин дар таърихи кишвар мебошад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, нахустин "Dushanbe Grand Slam 2024" рӯзҳои 3 - 5 май баргузор мешавад. Зӯрозмоиҳо дар қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе сурат мегиранд.
Интизор меравад, ки минбаъд дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 2024 пойтахти Тоҷикистон мизбони яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо мегардад.
Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
Президент ва мудир дар бошгоҳи "Вахш" таъйин шуданд
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта мусобиқаи "Dushanbe Grand Prix 2023" пойтахт баргузор шуда буд ва соли равон низ "Dushanbe Grand Prix 2024" дар назар буд.
Аммо Федератсияи ҷаҳонии ҷудо онро ба "Dushanbe Grand Slam 2024" тағйир дод, ки сатҳи баргузории мусобиқаҳои Grand Slam аз Grand Prix боло буда, паҳлавонони сатҳи ҷаҳонӣ ба он бештар таваҷҷуҳ доранд.
Интизор меравад, ки дар арафаи Бозиҳои Олимпии Париж - 2024 беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянду барои имтиёзҳои олимпӣ зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Солил гузашта дар "Dushanbe Grand Prix 2023" беш аз 300 варзишгар аз зиёда аз 40 давлати дунё иштирок карда буданд, ки сатҳи баргузории онро баланд арзёбӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0