https://sputnik.tj/20240312/lanka-oshuqboz-maqomot-bozi-milli-tojikiston-1062009312.html
Аз ланка то ошуқбозӣ: талоши мақомот барои эҳёи бозиҳои миллӣ дар Тоҷикистон
Аз ланка то ошуқбозӣ: талоши мақомот барои эҳёи бозиҳои миллӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз дар Тоҷикистон, ки ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад, озмуни бозиҳои миллии ниёкон гузаронда мешавад
2024-03-12T11:35+0500
2024-03-12T11:35+0500
2024-03-12T11:37+0500
дар тоҷикистон
бозӣ
фарҳанг
эҳё
ҳунар
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102189/04/1021890464_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_5168c259e0262ab1029eb0e700703f7d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар варзишгоҳи "Хуррамшаҳр" - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни "Бозиҳои миллӣ" бо иштироки намояндагони 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки дар он аз ҷумла намояндагони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов иштирок доштанд. Озмун аз ҷумла аз рӯйи бахшҳои "Лалакпарронӣ", "Бодпаракпаррноӣ", "Ҳаппабозӣ", "Лакпарбозӣ", "Ланкабозӣ", "Ошуқбозӣ", "Чиллакбозӣ", "Арғамчинбозӣ" гузаронида шуд, афзуд манбаъ. Таъкид гардид, ки ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.Қаблан Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Феҳрасти миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷикро таҳия карда буд, ки бозиҳои миллии суннатӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар бахши варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона 82 унсур зикр шудаанд, аз қабили аккабозӣ, "ана боғ", арғунчак, "аҷириқ ба дандон", байтбарак, бақабозӣ, бандкашӣ, "бедона парид", "бузи танагирак", буҷулбозӣ, ваҷабпарак, гачабозӣ, чавгони пиёда, гургбозӣ, гӯшмолак, донакбозӣ, талақ, тути кал, тухмбозӣ, харкашак, хола-хола, хурӯсҷанг мебошанд. Инчунин феҳраст шомили бозиҳои "ҷав чанд ман?", шавкурук, яклинга, "чумчуқ ё лайлак?", гурбабозӣ, "кӣ ҷаллод?", офтобмаҳтоб ва ғайра мебошад.
https://sputnik.tj/20240312/rohkhati-seum-olimpi-mushtzan-tojik-poris-1062008864.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102189/04/1021890464_61:0:2728:2000_1920x0_80_0_0_d07bfbc6573aac8c82de51bd7783a1c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозӣ, эҳё, тоҷикистон, ниёкон,
бозӣ, эҳё, тоҷикистон, ниёкон,
Аз ланка то ошуқбозӣ: талоши мақомот барои эҳёи бозиҳои миллӣ дар Тоҷикистон
11:35 12.03.2024 (Навсозишуда: 11:37 12.03.2024) Дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз дар Тоҷикистон, ки ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад, озмуни бозиҳои миллии ниёкон гузаронда мешавад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар варзишгоҳи "Хуррамшаҳр" - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни "Бозиҳои миллӣ" бо иштироки намояндагони 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки дар он аз ҷумла намояндагони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов иштирок доштанд.
Озмун аз ҷумла аз рӯйи бахшҳои "Лалакпарронӣ", "Бодпаракпаррноӣ", "Ҳаппабозӣ", "Лакпарбозӣ", "Ланкабозӣ", "Ошуқбозӣ", "Чиллакбозӣ", "Арғамчинбозӣ" гузаронида шуд, афзуд манбаъ.
Таъкид гардид, ки ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Қаблан Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Феҳрасти миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷикро таҳия карда буд, ки бозиҳои миллии суннатӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Дар бахши варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона 82 унсур зикр шудаанд, аз қабили аккабозӣ, "ана боғ", арғунчак, "аҷириқ ба дандон", байтбарак, бақабозӣ, бандкашӣ, "бедона парид", "бузи танагирак", буҷулбозӣ, ваҷабпарак, гачабозӣ, чавгони пиёда, гургбозӣ, гӯшмолак, донакбозӣ, талақ, тути кал, тухмбозӣ, харкашак, хола-хола, хурӯсҷанг мебошанд.
Инчунин феҳраст шомили бозиҳои "ҷав чанд ман?", шавкурук, яклинга, "чумчуқ ё лайлак?", гурбабозӣ, "кӣ ҷаллод?", офтобмаҳтоб ва ғайра мебошад.