https://sputnik.tj/20240311/sanjish-dovtalabon-tojikistoni-tahsil-rusiya-1061996967.html
Санҷиши довталабони тоҷикистонии таҳсил дар Русия оғоз шуд
Санҷиши довталабони тоҷикистонии таҳсил дар Русия оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон санҷишҳои марҳилаи интихобӣ барои довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд, ки одатан талабгорони зиёд доранд
2024-03-11T15:35+0500
2024-03-11T15:35+0500
2024-03-11T15:35+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
донишгоҳ
рушд
довталабон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092151_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_24807dc41b49ae6c08aa78217c94ec07.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Санҷишҳои интихобӣ барои довталабоне, ки тибқи квотаи ҳукумати Русия барои таҳсил довталабанд, дар Душанбе оғоз шуд, иттилоъ дод намояндагии "Россотрудничество" дар ҷумҳурӣ. "Рӯзҳои 11-15 март дар шаҳри Душанбе барои довталабоне, ки дар доираи квотаи ҳукуматии Русия хоҳишманди таҳсил дар магистратура, резидентура ва аспирантура мебошанд, имтиҳонҳои интихобӣ ҷараён хоҳанд дошт", - иттилоъ додаанд аз ин ниҳод. Нахуст мактаббачагоне, ки мехоҳанд ба бакалавриат дар соли таҳсили 2024-2025 дохил шаванд, аз санҷиш мегузаранд. Намояндагии "Россотрудничество" мегӯяд, дар маъракаи ҷорӣ барои гирифтани квота ҳудуди 5 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд, ки 1 ҳазор нафари онҳо барои суҳбат интихоб хоҳанд шуд. Барои Тоҷикистон яке аз баландтарин шумори квотаҳо – 1 ҳазор ҷой дар донишгоҳҳои Русия ҷудо шудааст.Маврид ба зикр аст, ки феълан беш аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Ҳудуди 7 ҳазор нафари дигар дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои русиягӣ – Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи энергетикии Маскав ва МИСИС дар Душанбе таҳсил мекунанд. Мақомдорони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, низ таъкид мекунанд, ки ҳамасола шаҳрвандони ҷавони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия мераванд.Масъулин аз ин раванд истиқбол карда, муҳим хондаанд, ки бисёре аз хатмкунандаҳо ҳамчун мутахассис ба Ватан баргарданду барои рушди кишвар мусоидат намоянд.
https://sputnik.tj/20240301/prezident-taghyirot-qonun-imzo-1061892159.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092151_207:0:2936:2047_1920x0_80_0_0_2971e0bafb9c99fd64813af95f154b2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
санҷиш, оғоз, довталаб, таҳсил, русия, талабгор
санҷиш, оғоз, довталаб, таҳсил, русия, талабгор
Санҷиши довталабони тоҷикистонии таҳсил дар Русия оғоз шуд
Дар пойтахти Тоҷикистон санҷишҳои марҳилаи интихобӣ барои довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд, ки одатан талабгорони зиёд доранд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Санҷишҳои интихобӣ барои довталабоне, ки тибқи квотаи ҳукумати Русия барои таҳсил довталабанд, дар Душанбе оғоз шуд, иттилоъ дод намояндагии "Россотрудничество" дар ҷумҳурӣ.
"Рӯзҳои 11-15 март дар шаҳри Душанбе барои довталабоне, ки дар доираи квотаи ҳукуматии Русия хоҳишманди таҳсил дар магистратура, резидентура ва аспирантура мебошанд, имтиҳонҳои интихобӣ ҷараён хоҳанд дошт", - иттилоъ додаанд аз ин ниҳод.
Нахуст мактаббачагоне, ки мехоҳанд ба бакалавриат дар соли таҳсили 2024-2025 дохил шаванд, аз санҷиш мегузаранд.
Намояндагии "Россотрудничество" мегӯяд, дар маъракаи ҷорӣ барои гирифтани квота ҳудуди 5 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд, ки 1 ҳазор нафари онҳо барои суҳбат интихоб хоҳанд шуд.
Барои Тоҷикистон яке аз баландтарин шумори квотаҳо – 1 ҳазор ҷой дар донишгоҳҳои Русия ҷудо шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан беш аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Ҳудуди 7 ҳазор нафари дигар дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои русиягӣ – Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи энергетикии Маскав ва МИСИС дар Душанбе таҳсил мекунанд.
Мақомдорони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, низ таъкид мекунанд, ки ҳамасола шаҳрвандони ҷавони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия мераванд.
Масъулин аз ин раванд истиқбол карда, муҳим хондаанд, ки бисёре аз хатмкунандаҳо ҳамчун мутахассис ба Ватан баргарданду барои рушди кишвар мусоидат намоянд.