https://sputnik.tj/20240308/modar-rozi-khudo-rahmon-mardon-zanon-begonaparasti-1061974301.html
Модар розӣ - Худо розӣ: Раҳмон аз занон хост бегонапарастӣ накунанду аз мардон зӯрӣ
Модар розӣ - Худо розӣ: Раҳмон аз занон хост бегонапарастӣ накунанду аз мардон зӯрӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон мардони кишварро ба эҳтироми зан - модар даъват намуда, аз бовари мардумиро иқтибос овард, ки модар ризо - Худо ризост
2024-03-08T15:02+0500
2024-03-08T15:02+0500
2024-03-08T15:02+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
эмомалӣ раҳмон
шодбошӣ
табрик
фарзанд
мард
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102182/26/1021822691_0:208:4043:2482_1920x0_80_0_0_0bb2f25da57600d581a350a4d36b7c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ аз нукоте мебошанд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз бонувони кишвар хост. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошоияш ба муносибати Рӯзи модар изҳори итминон кард, ки бонувону Тоҷикистон суннату анъанаҳои неку созандаи мардуми бостониро минбаъд идома хоҳанд дод. "Дар эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд", - гуфт ӯ.Вай ҳамчунин дар хитоб ба мардон низ таъкид кардааст, ки дар ҳар ҳолат эҳтироми занро қоил бошанд. Президент барои мардон муҳим хондаст, ки сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошанд. "Ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд", - даъват кард Раҳмон.Бо зикри заҳмату машаққати ба дунё овардани фарзанд ва ба камол расонидани ӯ, Эмомалӣ Раҳмон орзу кардаст, ки ягон модар доғи фарзанд набинад ва ашки ғам нарезад.
https://sputnik.tj/20240308/zanone-jahon-taghyir-aks-1061967304.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102182/26/1021822691_227:0:3814:2690_1920x0_80_0_0_b70b32a7373d1c03e09e8a1ae963bbb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, президент, боварӣ, мардум, иқтибос
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, президент, боварӣ, мардум, иқтибос
Модар розӣ - Худо розӣ: Раҳмон аз занон хост бегонапарастӣ накунанду аз мардон зӯрӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон мардони кишварро ба эҳтироми зан - модар даъват намуда, аз бовари мардумиро иқтибос овард, ки модар ризо - Худо ризост
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ аз нукоте мебошанд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз бонувони кишвар хост.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошоияш ба муносибати Рӯзи модар изҳори итминон кард, ки бонувону Тоҷикистон суннату анъанаҳои неку созандаи мардуми бостониро минбаъд идома хоҳанд дод.
"Дар эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин дар хитоб ба мардон низ таъкид кардааст, ки дар ҳар ҳолат эҳтироми занро қоил бошанд. Президент барои мардон муҳим хондаст, ки сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошанд.
"Ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд", - даъват кард Раҳмон.
Бо зикри заҳмату машаққати ба дунё овардани фарзанд ва ба камол расонидани ӯ, Эмомалӣ Раҳмон орзу кардаст, ки ягон модар доғи фарзанд набинад ва ашки ғам нарезад.