https://sputnik.tj/20240310/taghyirot-hayati-timi-millii-tojikiston-1061988162.html
Тағйирот дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон: Сармураббии нав ҳайати ҷадидро эълон намуд
Тағйирот дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон: Сармураббии нав ҳайати ҷадидро эълон намуд
Sputnik Тоҷикистон
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тимро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 маълум кард
2024-03-10T15:15+0500
2024-03-10T15:15+0500
2024-03-10T15:15+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
бозӣ
варзишгар
мунтахаб
миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/11/1060952632_0:81:1280:801_1920x0_80_0_0_8d126b0c5dafb04b3d192eea3f364926.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ зӯрозмоӣ хоҳад кард. Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ба мунтахаб 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кардаст. Сармураббии нав 2 бозигари нав Меҳрубон Каримов ва Муродалӣ Ҳақназаровро даъват намудаст. Мунтахаби Тоҷикистон барои омодагиҳо 11 март озими Қатар мешаваду шоми 18 март ба Риёз ба бозӣ муқобили Арабистони Саудӣ парвоз мекунад. Зӯрозмоӣ 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешаваду бозии ҷавобӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегирад. Ба ҳайси дарвозабонҳо Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (аз "Истиқлол"), Далерҷон Баротов ("Истаравшан") даъват гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин бозиҳои тими Тоҷикистон дар аҳди сармураббии нав Шекалидзе мебошад, ки ахиран ба ҷои Петр Сегрт ба мақоми сармураббӣ омад.
https://sputnik.tj/20240305/taghyirot-futboli-tojik-badi-majlisi-rustami-emomali-1061939829.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/11/1060952632_31:33:1160:880_1920x0_80_0_0_0326b87504da733f6f4609b8b8f73b06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳайат, нав, тим, миллӣ, мунтахаб, маълум
ҳайат, нав, тим, миллӣ, мунтахаб, маълум
Тағйирот дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон: Сармураббии нав ҳайати ҷадидро эълон намуд
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тимро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 маълум кард
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ба мунтахаб 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кардаст.
Сармураббии нав 2 бозигари нав Меҳрубон Каримов ва Муродалӣ Ҳақназаровро даъват намудаст.
Мунтахаби Тоҷикистон барои омодагиҳо 11 март озими Қатар мешаваду шоми 18 март ба Риёз ба бозӣ муқобили Арабистони Саудӣ парвоз мекунад.
Зӯрозмоӣ 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешаваду бозии ҷавобӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегирад.
Ба ҳайси дарвозабонҳо Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (аз "Истиқлол"), Далерҷон Баротов ("Истаравшан") даъват гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин бозиҳои тими Тоҷикистон дар аҳди сармураббии нав Шекалидзе мебошад, ки ахиран ба ҷои Петр Сегрт ба мақоми сармураббӣ омад.