Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила сабаби коҳиши азҳампошии оилаҳоро гуфт

© UnsplashСвадебная пара, архивное фото
Свадебная пара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғоти густурда миёни аҳолӣ аз ҷониби мақомот натиҷааш паст шудани сатҳи оилавайронӣ дар ҷумҳурӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикисон аз раванди афзоиши издивоҷ ва дар баробари ин коҳиши мизони азҳампошии оилаҳо хабар доданд.
ар ин бора раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар Қурбонзода Ҳилолбӣ зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ҳамин тариқ ба иттилои вай, дар шаш моҳи соли равон 32851 ҳолати ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти САҲШ сабт шудааст, ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2585 ҳолат зиёд аст.
Ба иттилои мақомдори тоҷик, азҳампошии оилаҳо дар ин давра ба 5370 ҳолат расидааст, ки нисбати шаш моҳи соли қаблӣ қариб 1,9 ҳазор ҳолат кам мебошад.
Ӯ сабаби коҳиши азҳампошии оилаҳоро ба он шарҳ дод, ки ниҳоди зертобеяш якҷоя бо дигар мақомот дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд бурда шуданд.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Коҳиши фавти занон ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон
Ба гуфтаи вай, чунин корҳоро дар мавриди ташхиси пеш аз никоҳ низ бояд ба роҳ монд.
Ин нуктаро қаблан вазири адлияи Музаффар Ашӯриён изҳор дошта гуфт, ки дар коҳиши талоқ нақши кормандони мақомоти адлия низ ҳаст, чун корҳои таблиғотӣ барои ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳоро пеш мебаранд.
Дар зимн ҳолатҳои сабти таваллуд низ дар ҷумҳурӣ тайи нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 3% коҳиш ёфта, ба зиёда аз 108 ҳазор ҳолат баробар шудааст.
Фавт дар ҷумҳурӣ бошад, ба иттилои мақомоти адлия 4% зиёд шуда, ба беш аз 17 ҳазор ҳолат расидааст.
Лентаи хабарҳо
0