Ҳавои борону барфӣ дар Рӯзи Модар

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2024
Обуна шудан
Дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон дошт, ки ҳаво рӯзона то 14+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 8 дараҷа хунук, рӯзона то 6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона тто 20 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз то 6 дараҷа гарм, рӯзона то 15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Роҳбандиҳо дар Тоҷикистон: КҲФ гуфт, ҳолат то 4 рӯз идома хоҳад кард
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 7 ва рӯзона то 20 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 8 дараҷа гарм, рӯзона то 17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе бошад ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона то 6 дараҷа гарм, рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0