https://sputnik.tj/20240301/rohbandi-tojikiston-khf-ruz-idoma-1061890109.html
Роҳбандиҳо дар Тоҷикистон: КҲФ гуфт, ҳолат то 4 рӯз идома хоҳад кард
Роҳбандиҳо дар Тоҷикистон: КҲФ гуфт, ҳолат то 4 рӯз идома хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ягона роҳи пулакии пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази ҷумҳурӣ бар асари номусоидии ҳаво ва фаромадани даҳҳо тарма масдуд мебошад
2024-03-01T11:47+0500
2024-03-01T11:47+0500
2024-03-01T11:47+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
якуми март
кҳф
тарма
яхбандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8839ae87b6b91123cd99953643552609.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ҳаракати тамоми намуди воситаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ масдуд карда шуд, иттилоъ дод ширкати роҳбон - IRS. Ба иттилои ин ширкат, ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, аз километри 61 то 83-юми ин масир беш аз 20 тармаи хурду калон фаромад. Бинобар ин, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир маҳдуд карда шуд, афзуд манбаъ. Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки аз 1 то 4 марти соли 2024 дар навоҳии куҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.Дар феҳрасти масирҳои хатарзо аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе - Сангвор, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб ном бурда шуданд. Кумита аз сокинон хоҳиш дорад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Аз ронандагон даъват шудаст, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд, мошинҳои худро аз қабл барои сафар омода созанд, ҳамеша асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанду фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20240229/volidayn-chahor-farzand-dushan-dud-angish-favtidand-1061872851.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f9e1f855c0f166a5ee6e527273aa153a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, хатар, тоҷикистон, шимол, фаромадан, тарма, масдуд
ҳушдор, хатар, тоҷикистон, шимол, фаромадан, тарма, масдуд
Роҳбандиҳо дар Тоҷикистон: КҲФ гуфт, ҳолат то 4 рӯз идома хоҳад кард
Ягона роҳи пулакии пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази ҷумҳурӣ бар асари номусоидии ҳаво ва фаромадани даҳҳо тарма масдуд мебошад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ҳаракати тамоми намуди воситаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ масдуд карда шуд, иттилоъ дод ширкати роҳбон - IRS.
Ба иттилои ин ширкат, ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, аз километри 61 то 83-юми ин масир беш аз 20 тармаи хурду калон фаромад.
Бинобар ин, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир маҳдуд карда шуд, афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки аз 1 то 4 марти соли 2024 дар навоҳии куҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар феҳрасти масирҳои хатарзо аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе - Сангвор, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб ном бурда шуданд.
Кумита аз сокинон хоҳиш дорад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Аз ронандагон даъват шудаст, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд, мошинҳои худро аз қабл барои сафар омода созанд, ҳамеша асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанду фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.