https://sputnik.tj/20240306/shabnam-namekhohad-siriusro-tark-kunad-1061956940.html
Шабнам намехоҳад Сириусро тарк кунад
Шабнам намехоҳад Сириусро тарк кунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷиконе, ки дар Фестивали байналмилаии ҷавонон дар Сириус иштирок доранд аз ин чорабинӣ таасуроти хубе ба даст оварданд
2024-03-06T19:01+0500
2024-03-06T19:01+0500
2024-03-18T14:16+0500
дар тоҷикистон
фестивал
ҷавонон
тарк
ҳайат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/06/1061956774_1:0:854:480_1920x0_80_0_0_1dedd94bd2da6e34bff5ca418878ac71.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Шабнам Дуворова, логопед-дефектолог аз Маркази равоншиносии амалии "Хотири Ҷам" дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бори аввал дар чунин чорабинӣ иштирок дорад ва як каме ҳарос дошт, чун касеро намешинохт ва фикр мекард, дар он ҷо танҳо чӣ кор мекунад.Вай афзуд, ки таҷрибаву дониши зиёде гирифта, бо шахсони гуногун , шиносоӣ пайдо кардааст.Ӯ аз ин фестивал таассуроту хотираҳои хеле хуб доштааст.“Ман то ҳол бо одамони гуногун аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дӯстӣ дорам. Ман бо равоншиносоне, ки кор мекунанд, вохӯрдам ва мо розӣ шудем, ки бо онҳо вохӯрӣ ташкил кунем ва дар оянда якҷоя кор хоҳем кард”, - қайд кард Шабнам.Шабнам дар посухи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки аз ӯ дар бораи ҳузураш дар дидори Медведев ва Лавров гуфт хеле кушиш кардем, ки дар дидор бо ин шахсон расем, бо вуҷуди он ки навбат хеле зиёд буд.Вай илова кард, ки дидор бо Дмитрий Медведев барояш писанд омад ва ӯ ин шахсро хеле эҳтиром мекунад.Шабнам дар суҳбаташ илова кард, ки ӯ ба Роза Хутор рафтааст он ҷо барояш хеле писанд омадааст.“Ин мавзеъ Тоҷикистони маро ба ёд меорад... дар кишвари ман, чунин мавзеъ ҳаст во он Сафед-дара ном дорад.Ҷашнвораи байналмилалии ҷавонон бузургтарин чорабинии ин қишри ояндасоз дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки бо фармони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин баргузор мешавад.Санаи баргузории ҷашнвора аз 1 то 7 марти соли 2024 дар қаламрави федералии "Сириус" интихоб гардидаст.Баргузоркунандагон мегӯянд, ин ҳамоиши ҷавонон, муколама ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ, сарфи назар аз миллатҳо, ақидаҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои фарҳангӣ мебошад. То ҳол теъдоди умумии иштирокдорон беш аз 20 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20240304/maqomdori-kumitai-javononi-tojikiston-jashnvorai-jahoni-video-1061930848.html
https://sputnik.tj/20240304/jashnvora-javonon-sirius-1061922898.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/06/1061956774_153:0:793:480_1920x0_80_0_0_3659ceb7a3abb04c7bd27891d0d90e4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шабнам, сириус, фестивали ҷавонон, русия, таасурот
тоҷикистон, шабнам, сириус, фестивали ҷавонон, русия, таасурот
Шабнам намехоҳад Сириусро тарк кунад
19:01 06.03.2024 (Навсозишуда: 14:16 18.03.2024) Эксклюзив
Тоҷиконе, ки дар Фестивали байналмилаии ҷавонон дар Сириус иштирок доранд, аз ин чорабинӣ таасуроти хубе ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Шабнам Дуворова, логопед-дефектолог аз Маркази равоншиносии амалии "Хотири Ҷам" дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бори аввал дар чунин чорабинӣ иштирок дорад ва як каме ҳарос дошт, чун касеро намешинохт ва фикр мекард, дар он ҷо танҳо чӣ кор мекунад.
“Аммо баъд ман бо ҳар касе, ки метавонистам, вохӯрдам. Ва ман хеле хурсанд шудам ва ҳатто ҳоло ман намехоҳам баргардам, рости гап”, - таъкид кард вай.
Вай афзуд, ки таҷрибаву дониши зиёде гирифта, бо шахсони гуногун , шиносоӣ пайдо кардааст.
Ӯ аз ин фестивал таассуроту хотираҳои хеле хуб доштааст.
“Ман то ҳол бо одамони гуногун аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дӯстӣ дорам. Ман бо равоншиносоне, ки кор мекунанд, вохӯрдам ва мо розӣ шудем, ки бо онҳо вохӯрӣ ташкил кунем ва дар оянда якҷоя кор хоҳем кард”, - қайд кард Шабнам.
Шабнам дар посухи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки аз ӯ дар бораи ҳузураш дар дидори Медведев ва Лавров гуфт хеле кушиш кардем, ки дар дидор бо ин шахсон расем, бо вуҷуди он ки навбат хеле зиёд буд.
“Мо тоҷикем, ҳама ҷо ҳозирем”, - таъкид кард иштирокчи фестивали ҷавонон дар Русия.
Вай илова кард, ки дидор бо Дмитрий Медведев барояш писанд омад ва ӯ ин шахсро хеле эҳтиром мекунад.
Шабнам дар суҳбаташ илова кард, ки ӯ ба Роза Хутор рафтааст он ҷо барояш хеле писанд омадааст.
“Ин мавзеъ Тоҷикистони маро ба ёд меорад... дар кишвари ман, чунин мавзеъ ҳаст во он Сафед-дара ном дорад.
Ҷашнвораи байналмилалии ҷавонон бузургтарин чорабинии ин қишри ояндасоз дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки бо фармони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин баргузор мешавад.
Санаи баргузории ҷашнвора аз 1 то 7 марти соли 2024 дар қаламрави федералии "Сириус" интихоб гардидаст.
Баргузоркунандагон мегӯянд, ин ҳамоиши ҷавонон, муколама ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ, сарфи назар аз миллатҳо, ақидаҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои фарҳангӣ мебошад. То ҳол теъдоди умумии иштирокдорон беш аз 20 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.