Мақомдори Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон аз суди Ҷашнвораи ҷаҳонӣ дар "Сириус" гуфт - видео

Обуна шудан
Аз Тоҷикистон ҳазорҳо нафар хостори иштирок дар Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон дар қаламрави федералии "Сириус" буданд, аммо танҳо қариби 300 роҳ ёфтаанд
Ҷавонони тоҷикистонӣ, ки намояндагони соҳаҳои мухталиф мебошанд, дар Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон кишвари худро муаррифӣ ва бо ҳамсолонашон табодули донишу таҷриба мекунанд.
Ин нуктаро сардори шӯъбаи байналмилалии Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Шоҳхусрав Аюбзода баён дошта, ташкили ин гуна ҷашнвораҳоро манфиатовар хонд.
“Ман фикр мекунам, ки ин хеле муҳим аст, зеро мо бояд якдигарро шунавем, гуфтугӯ ва муошират карданро ёд гирем ва мо бояд якдигарро эҳтиром намоем”, - изҳор дошт масъул.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ҷавононе, ки дар фестивал иштирок мекунанд, бо дониши фаровоне бармегарданду ҳамчунин донишу малакаи худро низ бо дигарон тақсим хоҳанд кард.
Иштирокдорони Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон дар "Сириус" - аксҳо
“Мо инчунин аз иштирокчиёни дигар дониш мегирем. Ва ҳамин тавр ба Тоҷикистон равему ин донишу таҷрибаи гирифтаро байни тамоми ҷавонон паҳн кунем”, - афзуд Аюбзода.
Ҷашнвораи байналмилалии ҷавонон бузургтарин чорабинии ин қишри ояндасоз дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки бо фармони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин баргузор мешавад.
Санаи баргузории ҷашнвора аз 1 то 7 марти соли 2024 дар қаламрави федералии "Сириус" интихоб гардидаст.
Баргузоркунандагон мегӯянд, ин ҳамоиши ҷавонон, муколама ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ, сарфи назар аз миллатҳо, ақидаҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои фарҳангӣ мебошад. То ҳол теъдоди умумии иштирокдорон беш аз 20 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0