https://sputnik.tj/20240306/khatari-faromadani-tarma-tasisi-posgohhoi-sayyor-1061955025.html
Хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад: Таъсиси постгоҳҳои сайёр дар роҳҳо аз сӯйи мақомот
Хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад: Таъсиси постгоҳҳои сайёр дар роҳҳо аз сӯйи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Миқдори зиёди барф, ки дар саросари Тоҷикистон борид, метавонад як мушкили ҷиддии ба ҳаракати одамон ва нақлиёт эҷод кунад
2024-03-06T18:25+0500
2024-03-06T18:25+0500
2024-03-06T19:13+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
роҳ
тарма
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055415652_0:22:805:475_1920x0_80_0_0_493e95821ada68341e10605cbda5c8bc.jpg
ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма дар назар аст.Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, дар рӯзҳои 7-8-уми март бино бар обу ҳаво метавонад ҳолатҳои фавқулодда рух диҳад.Ҳамин тариқ, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.Наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки дар минтақаҳои хатарнок ва роҳҳо ҳаракатро маҳдуд намуда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.Наҷотдиҳандагони КҲФ барои таъмини бехатарии ронандагон дар шоҳроҳи зимистона ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд посгоҳҳои сайёр таъсис додаанд.Илова бар ин, дар дигар роҳҳои кӯҳии кишвар кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилии кишвар посбонӣ мекунанд.Қаблан дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бар асари боридани барфи зиёд, як қатор ҳодисаҳо рух дода буданд. Ҳамин тариқ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 маротиба тарма фаромад.
https://sputnik.tj/20230826/boron-radu-barqu-sel-obu-havo-1059059151.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055415652_80:0:800:540_1920x0_80_0_0_1f8d33747dfc267e60746a86dce6d3a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, тарма, постгоҳ, сайёр, ҳукумат, роҳҳ, обу ҳаво
тоҷикистон, кҳф, тарма, постгоҳ, сайёр, ҳукумат, роҳҳ, обу ҳаво
Хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад: Таъсиси постгоҳҳои сайёр дар роҳҳо аз сӯйи мақомот
18:25 06.03.2024 (Навсозишуда: 19:13 06.03.2024) Миқдори зиёди барф, ки дар саросари Тоҷикистон борид, метавонад як мушкили ҷиддӣ ба ҳаракати одамон ва нақлиёт эҷод кунад
ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма дар назар аст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, дар рӯзҳои 7-8-уми март бино бар обу ҳаво метавонад ҳолатҳои фавқулодда рух диҳад.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки дар минтақаҳои хатарнок ва роҳҳо ҳаракатро маҳдуд намуда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ барои таъмини бехатарии ронандагон дар шоҳроҳи зимистона ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд посгоҳҳои сайёр таъсис додаанд.
Илова бар ин, дар дигар роҳҳои кӯҳии кишвар кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилии кишвар посбонӣ мекунанд.
Қаблан дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бар асари боридани барфи зиёд, як қатор ҳодисаҳо рух дода буданд. Ҳамин тариқ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 маротиба тарма фаромад.