https://sputnik.tj/20240306/hushdori-muallimon-ruzi-modar-mablagh-tuhfa-nasitoned-1061957228.html
Ҳушдори мақомот ба муаллимон: Дар Рӯзи Модар маблағ ё туҳфа наситонед
Ҳушдори мақомот ба муаллимон: Дар Рӯзи Модар маблағ ё туҳфа наситонед
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот омӯзгоронро ҳушдор додааст дар Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз аз маблағситонӣ ва оростани дастархонҳову зиёфатҳо худдорӣ намоянд вагарна ҷазо мегиранд
2024-03-06T20:10+0500
2024-03-06T20:10+0500
2024-03-06T20:10+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
омӯзгор
муаллимон
мақомот
огоҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/01/1059171356_0:162:3064:1886_1920x0_80_0_0_f9ed0c574ebfdb0dc1625d7cac3c07fc.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сарраёсати маоорифи шаҳри Душанбе ба омӯзгорон ҳушдор додааст, ки ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад.Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки ин маҳдудиятҳо ба роҳбарону кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва сокинони пойтахт рабт дорад.“Тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” барои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад”, - зикр кардааст ин ниҳод.Раёсати маориф аз сокинони хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати аз ҷониби кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ ва ё туҳфаситонӣ ба телефони боварӣ ё почтаи электронӣ занг зада, арзу шикояти худро бигӯянд.Мақомот қайд кардааст, ки арзу шикоятҳои пешниҳодшуда, дар доираи қонунгузорӣ барои чораандешӣ ба сохторҳои дахлдор ирсол мешаванд.
https://sputnik.tj/20230823/rushdi-bosurat-soha-maorif-khatlon-1058993424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/01/1059171356_168:0:2897:2047_1920x0_80_0_0_27ed4e03248d370f3e94bf52cfa3f79e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, маблағ, рӯзи модар, нарвӯз, маблағситонӣ, дастархон, зиёфат, ҳушдор, даст кашанд
тоҷикистон, маориф, маблағ, рӯзи модар, нарвӯз, маблағситонӣ, дастархон, зиёфат, ҳушдор, даст кашанд
Ҳушдори мақомот ба муаллимон: Дар Рӯзи Модар маблағ ё туҳфа наситонед
Мақомот омӯзгоронро ҳушдор додааст, ки дар Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз аз маблағситонӣ ва оростани дастархонҳову зиёфатҳо худдорӣ намоянд, вагарна ҷазо мегиранд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сарраёсати маоорифи шаҳри Душанбе ба омӯзгорон ҳушдор додааст, ки ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки ин маҳдудиятҳо ба роҳбарону кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва сокинони пойтахт рабт дорад.
“Тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” барои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад”, - зикр кардааст ин ниҳод.
Раёсати маориф аз сокинони хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати аз ҷониби кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ ва ё туҳфаситонӣ ба телефони боварӣ ё почтаи электронӣ занг зада, арзу шикояти худро бигӯянд.
Мақомот қайд кардааст, ки арзу шикоятҳои пешниҳодшуда, дар доираи қонунгузорӣ барои чораандешӣ ба сохторҳои дахлдор ирсол мешаванд.