https://sputnik.tj/20230823/rushdi-bosurat-soha-maorif-khatlon-1058993424.html
Рушди босуръати соҳаи маориф дар Хатлон
Рушди босуръати соҳаи маориф дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон аз суръати сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоят гузориш дод ва дар бораи дастовардҳои вилояти Хатлон дар ин самт сухан гуфт
2023-08-23T15:29+0500
2023-08-23T15:29+0500
2023-08-23T19:37+0500
дар тоҷикистон
муассисаи таълимӣ
маориф
таҳсил
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996955_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_f2ff383aa738e0a9fb7896ffceea83be.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар вилояти Хатлон 85 муассисаи таълимӣ сохта шуд.Дар ин бора Давлаталӣ Саид - раиси вилоят изҳор доштааст.Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони 315 иншооти дигар идома дорад.Ҳамин тариқ, агар дар соли таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон беш аз 1,3 ҳазор муассисаи таҳсилотӣ фаъолият дошт, дар солҳои 2022-2023 бошад ин нишондиҳанда ба қариб 1,4 ҳазор муассиса расид.Илова бар ин, Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки намояндаи вилоят барои аввалин бор баъд аз истиқлолияти кишвар дар озмуни "Муаллими сол" мақоми аввалро касб кардааст."Ин боиси ифтихор аст", - гуфт раиси вилояти Хатлон.Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, нишондиҳандаҳои маблағгузории соҳаи маорифи вилоят аз 1,1 миллиард сомонӣ ба 1,3 миллиард расидааст.
https://sputnik.tj/20230823/khatlon-omuzgor-sohibi-zamin-1058988142.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996955_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_47b099c9c6fc148d993ab556536c4985.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, сохтмон, муассисаҳои таълимт, маориф
тоҷикистон, хатлон, сохтмон, муассисаҳои таълимт, маориф
Рушди босуръати соҳаи маориф дар Хатлон
15:29 23.08.2023 (Навсозишуда: 19:37 23.08.2023) Раиси вилояти Хатлон аз суръати сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоят гузориш дод ва дар бораи дастовардҳои вилояти Хатлон дар ин самт сухан гуфт.
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар вилояти Хатлон 85 муассисаи таълимӣ сохта шуд.
Дар ин бора Давлаталӣ Саид - раиси вилоят изҳор доштааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони 315 иншооти дигар идома дорад.
Ҳамин тариқ, агар дар соли таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон беш аз 1,3 ҳазор муассисаи таҳсилотӣ фаъолият дошт, дар солҳои 2022-2023 бошад ин нишондиҳанда ба қариб 1,4 ҳазор муассиса расид.
Илова бар ин, Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки намояндаи вилоят барои аввалин бор баъд аз истиқлолияти кишвар дар озмуни "Муаллими сол" мақоми аввалро касб кардааст.
"Ин боиси ифтихор аст", - гуфт раиси вилояти Хатлон.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, нишондиҳандаҳои маблағгузории соҳаи маорифи вилоят аз 1,1 миллиард сомонӣ ба 1,3 миллиард расидааст.