https://sputnik.tj/20240306/fojeai-navbati-hisor-halokati-se-uzv-khonavoda-angisht-1061953844.html
Фоҷеаи навбатӣ дар Ҳисор: Ҳалокати се узви як хонавода аз дуди ангишт
Фоҷеаи навбатӣ дар Ҳисор: Ҳалокати се узви як хонавода аз дуди ангишт
Sputnik Тоҷикистон
Дар як ҳафтаи ахир бар асари сармо ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи ангишт нӯҳ нафар ё узви ду хонавода ба ҳалокат расидааст
2024-03-06T15:22+0500
2024-03-06T15:22+0500
2024-03-06T15:22+0500
дар тоҷикистон
ангишт
заҳролуд
кҳф
хонавода
ҳалокат
ангишт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060105757_0:133:2560:1573_1920x0_80_0_0_f47f7b08669f74b28077771b83475800.jpg
ДУШАНБЕ, 6мар – Sputnik. Бар асари нодуруст истифода бурдани бухорӣ (оташдон) 3 узви як оила дар яке аз деҳоти шаҳри Ҳисор кушта шуданд, иттилоъ маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекардаанд.КҲФ хабар додааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса фоҷеабор падари 60-сола, модари 54-сола ва духтари 15-солаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.Бояд гуфт, ки ин ҳодисаи дуюм аст, ки узви як хонавода аз дуди ангишт ба ҳалокат мерасанд.Ёдовар мешавем, ки шаби 28 феврал дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 6 узви як оила аз дуди ангишт ҳалок шуданд. Ин хонавода бо истифода аз ангишт хонаашонро бо бухорӣ гарм мекарданд.Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ ва роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад. Ин аввалин ҳодисаи фавт аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.
https://sputnik.tj/20240301/rohbandi-tojikiston-khf-ruz-idoma-1061890109.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060105757_143:0:2418:1706_1920x0_80_0_0_6eaa406fd15c2509871a5e9908ace1a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳисор, фоҷеа, ҳалокат, хонавода, дуд, ангишт, бехатарӣ, кҳф
тоҷикистон, ҳисор, фоҷеа, ҳалокат, хонавода, дуд, ангишт, бехатарӣ, кҳф
Фоҷеаи навбатӣ дар Ҳисор: Ҳалокати се узви як хонавода аз дуди ангишт
Дар як ҳафтаи ахир бар асари сармо ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи ангишт нӯҳ нафар ё узви ду хонавода ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 6мар – Sputnik. Бар асари нодуруст истифода бурдани бухорӣ (оташдон) 3 узви як оила дар яке аз деҳоти шаҳри Ҳисор кушта шуданд, иттилоъ маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекардаанд.
КҲФ хабар додааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса фоҷеабор падари 60-сола, модари 54-сола ва духтари 15-солаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.
Бояд гуфт, ки ин ҳодисаи дуюм аст, ки узви як хонавода аз дуди ангишт ба ҳалокат мерасанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 28 феврал дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 6 узви як оила аз дуди ангишт ҳалок шуданд. Ин хонавода бо истифода аз ангишт хонаашонро бо бухорӣ гарм мекарданд.
Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ ва роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад. Ин аввалин ҳодисаи фавт аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.