https://sputnik.tj/20240305/navohii-sughd-bemahdudiyat-barq-megirand-limit-anjom-yoft-1061932005.html
Навоҳии Суғд бемаҳдудият барқ мегиранд: Лимит анҷом ёфт?
Навоҳии Суғд бемаҳдудият барқ мегиранд: Лимит анҷом ёфт?
Sputnik Тоҷикистон
Чор рӯз ин ҷониб мушкили барқрасонӣ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон бартараф гардида, ҳолатҳои маъмулии хомӯшкунии барқ такрор нашуда истодааст
2024-03-05T09:45+0500
2024-03-05T09:45+0500
2024-03-05T09:45+0500
дар тоҷикистон
суғд
лимит
барқ
энергетика
лимити барқ
барқрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061691910_0:1:3639:2048_1920x0_80_0_0_5d0ac422fe8c41d3067636c42885e8e3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Бо гузашти беш аз панҷ моҳи фаслҳои тирамоҳу зимистон, ки дар рустоҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳои барқрасонӣ ҷорӣ гардида буд, сокинон ҳоло аз хатми ин мушкил мегуянд.Яке аз сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар ноҳияи Деваштич, Фатҳулло Рустамов, зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ба фарқ аз рӯзҳои қабӣ, ҳоло барқрасонӣ дар деҳаи онҳо доимӣ шудааст.Сокинони дигар навоҳии вилояти Суғд ҳам аз хатми мушкили барқрасонӣ таъкид меварзанд.Усмон Мадумаров, сокини деҳаи Саройи ноҳияи Ашт мегуяд, бо оғоз шудани фасли баҳор мушкили “зимистонӣ” бартараф шудааст.“Соати 21 – 22-и ҳар бегаҳ барқ хомӯш карда мешуд ва то соати 05: 00-и субҳ ҳамаҷо торик мешуд, ҳоло барқ доимm шуда ва шому саҳар ҳама ҷо рӯшан аст”, – зикр кард сокини Ашт.Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи тақсимоти барқ дар бораи хатм шудани лимити барқрасонӣ расман шарҳ надодаанд.Яке аз масъулони Идораи филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқ дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Суғд зери назорати ин идора мебошад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барқрасонӣ бо дастури роҳбарияти болоии ин идора сурат мегирад.“Ҳоло бо назардошти фароҳам омадани имкониятҳои истеҳсолию интиқолдиҳӣ, рустоҳои Суғд ҳама бо барқи доимӣ таъмин ҳастанд” - гуфт масъули идораи барқ.Вале ин манбаъ дақиқ нагуфт, ки лимит бартараф шудааст ва ё чи вақт хатм хоҳад шуд.Маҳдудияти барқрасонӣ дар ҷумҳурӣ аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад.Он замон ширкати “Барқи Тоҷик” дар изҳороте гуфт, ки дар обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, "вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст".Тибқи додаҳои ширкат дар соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ наздик ба 22 млрд кВт.соат расидааст, ки нисбати дурнамо ва соли қаблӣ зиёд аст.
https://sputnik.tj/20240214/ayb-tabiat-mudiriyat-charo-barq-1061682905.html
https://sputnik.tj/20240201/vazir-energetika-sabab-limit-barq-tojikiston-guft-1061515808.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061691910_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_23171201c75d7e4e0b0ad7b76cc64b02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқ, бартараф, барқрасонӣ, баҳор, лимит, энергетика, суғд
тоҷикистон, барқ, бартараф, барқрасонӣ, баҳор, лимит, энергетика, суғд
Навоҳии Суғд бемаҳдудият барқ мегиранд: Лимит анҷом ёфт?
Чаҳор рӯз ин ҷониб мушкили барқрасонӣ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон бартараф гардида, ҳолатҳои маъмулии хомӯшкунии барқ такрор нашуда истодааст
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Бо гузашти беш аз панҷ моҳи фаслҳои тирамоҳу зимистон, ки дар рустоҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳои барқрасонӣ ҷорӣ гардида буд, сокинон ҳоло аз хатми ин мушкил мегуянд.
Яке аз сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар ноҳияи Деваштич, Фатҳулло Рустамов, зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ба фарқ аз рӯзҳои қабӣ, ҳоло барқрасонӣ дар деҳаи онҳо доимӣ шудааст.
“Дар рӯзҳои фасли зимистон шабонарӯз ҳамагӣ 6 - 7 соат, аз ин 3 соат саҳарӣ ва 4 соат шомгоҳон барқ дода мешуд. Хушбахтона се рӯз мешавад, ки барқ доимӣ шудааст” – гуфт, сокини ноҳияи Деваштич.
Сокинони дигар навоҳии вилояти Суғд ҳам аз хатми мушкили барқрасонӣ таъкид меварзанд.
Усмон Мадумаров, сокини деҳаи Саройи ноҳияи Ашт мегуяд, бо оғоз шудани фасли баҳор мушкили “зимистонӣ” бартараф шудааст.
“Соати 21 – 22-и ҳар бегаҳ барқ хомӯш карда мешуд ва то соати 05: 00-и субҳ ҳамаҷо торик мешуд, ҳоло барқ доимm шуда ва шому саҳар ҳама ҷо рӯшан аст”, – зикр кард сокини Ашт.
Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи тақсимоти барқ дар бораи хатм шудани лимити барқрасонӣ расман шарҳ надодаанд.
Яке аз масъулони Идораи филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқ дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Суғд зери назорати ин идора мебошад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барқрасонӣ бо дастури роҳбарияти болоии ин идора сурат мегирад.
“Ҳоло бо назардошти фароҳам омадани имкониятҳои истеҳсолию интиқолдиҳӣ, рустоҳои Суғд ҳама бо барқи доимӣ таъмин ҳастанд” - гуфт масъули идораи барқ.
Вале ин манбаъ дақиқ нагуфт, ки лимит бартараф шудааст ва ё чи вақт хатм хоҳад шуд.
Маҳдудияти барқрасонӣ дар ҷумҳурӣ аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад.
Он замон ширкати “Барқи Тоҷик” дар изҳороте гуфт, ки дар обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, "вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст".
Тибқи додаҳои ширкат дар соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ наздик ба 22 млрд кВт.соат расидааст, ки нисбати дурнамо ва соли қаблӣ зиёд аст.