Камтар аз пештар: Аҳолӣ ва масъулини Суғд барқрасониро тавзеҳ доданд

© Sputnik Лампочка, архивное фото
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Обуна шудан
Дар пайи беҳбуди таъмини барқ дар бархе аз навоҳии Суғд, сокинони шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон мегӯянд, барқрасонӣ ҳамоно тибқи реҷа идома дорад
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Реҷаи барқрасонӣ дар бархе аз навоҳии шимоли Тоҷикистон шадидтар аз давраи зимистон шудааст, изҳор медоранд сокинон.
Сокини маҳаллаи ба номи Пулот Бобокалонови шаҳри Конибодом, Карим Юсуфов, мегӯяд, реҷаи барқрасонӣ дар маҳаллаи онҳо то ба 5 соат дар шабонарӯз расидаст.
“Ҳоло дар шабонарӯз ҳамагӣ 5 соат дода мешавад. Шом аз соати 18:00 то 21:00 ва саҳар аз соати 06:00 то 08:00 барқ меояд, дигар вақт комилан барқ нест” - гуфт ӯ.
Ин сокини шаҳри Конибодом иброз намуд, ки дар рӯзҳои фасли зимистон шабонарӯз ба маҳаллаи онҳо то 7 соат барқ дода мешуд.
Яке аз сокинони ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, Исмоил Усмонов мегӯяд, бо фаро расидани фасли баҳор ҳамоно дар деҳаи онҳо маҳдудиятҳои барқрасонӣ хатм нашудааст.
“Дар мо 5 ва гоҳе вақт 6 соат дар шабонарӯз барқ медиҳанд, ин субҳ аз соати 05:00 то 07:30 ва шом аз соати 18:00 то соати 21:00 аст. Гоҳе вақти барқрасонӣ то ним соат аз ин реҷа зиёдтар барқ дода шуда, дигар тамоми рӯз барқ нест”, – иброз намуд ӯ.
Тақсиму танзими барқ ба шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бӯстон, Б. Ғафуров, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиқлол ва Мастчоҳи вилояти Суғд аз ҷониби ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Гулистон сурат мегирад.
Гадание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Баҳор дар Тоҷикистон бо бебарқӣ оғоз шуд
Барқи даҳ шаҳру ноҳияи дигари Суғд - Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Истаравшан, Зафаробод, Ҷ. Расулов, Спитамен ва зеристгоҳии барқии ба номи И. Сомонии минтақаи воқеъ дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштичро ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан тақсим мекунад.
Сокинони навоҳии тобеи ин идораи барқрасонӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки баъди се рӯз, хомӯшкунии барқ дубора дар деҳаҳо шурӯъ шудааст.
Cокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич, Раҳмон Назаров, гуфт, ки соати 09:00-и субҳ барқи хонаҳо хомӯш шуд ва то ҳол наомадааст.
Масъулони ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби бе мушкил интиқол ёфтани барқ ба рустоҳоро шарҳ доданд.
“Аз ҳисоби зиёд интиқол ёфтани барқ (переток) аз ҷумҳурии Ӯзбекистон, он ба ҳама зеристгоҳҳои барқии ноҳияҳои зери тобеи идора тақсим карда шудааст” – гуфт манбаъ аз идораи барқ дар шаҳри Истаравшан.
Мушкили маҳдудияти барқрасонӣ дар навоҳии кишвар аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0