Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти якҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон бо чӣ анҷомид?

© Foto / Хадамоти матбуоти КДАМ ТоҷикистонПереговоры Таджикистана и Кыргызстана в Бустоне
Переговоры Таджикистана и Кыргызстана в Бустоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Обуна шудан
Ҳафтаи навбатии музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстон анҷом ёфт, ки ба иттилои Душанбе гуфтушунид дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон дар анҷоми музокироти ҳафтаинаашон беш аз 1,1 км марзи муштаракро мушаххас кардаанд.
Музокироти навбатӣ рӯзҳои 11-18 феврал дар шаҳри Бустон бо иштироки гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар масъалаи муайянсозии марз баргузор шуд, иттилоъ дод КДАМ Тоҷикистон.
"Ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимонда корҳои муштараки саҳроӣ гузаронида, дар натиҷа 1,11 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Душанбе фазои музокиротро дӯстона арзёбӣ карда, таъкид намудаст, ки мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мешавад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар ин робита ахиран изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
"Дар як сол зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад", - гуфт ӯ.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Роҳ сӯи ҳамкорӣ: Гардиши мол миёни Суғд ва Бодканд афзоиш ёфтааст
Вай афзуд, ки "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондаанд ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд".
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гузариши хатти сарҳадро амалан дар асоси маҳалҳои воқеъан мавҷуда баррасӣ хоҳанд кард, илова намуд ӯ.
Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.
Лентаи хабарҳо
0