Ҷудокорони тоҷик Tashkent Grand Slam-ро бо як тило ҷамъбаст карданд: Кӣ бурду кӣ бохт?

© Foto / Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Эмомали Нурали
Таджикский дзюдоист Эмомали Нурали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Обуна шудан
Дар рӯзи охири мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2024, ки аз 1 то 3 март ҷараён дошт, паҳлавонҳои тоҷик натавонистанд ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ даст ёбанд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тоҷикистонро дар рӯзи охири мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2024 дар вазнҳои болоӣ 4 ҷудокор намояндагӣ карданд.
Дар рӯзи охир сабқатҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг миёни мардон ва -78 кг ва +78 кг миёни бонувон баргузор гардиданд.
Ҷудокорони тоҷик Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов то 100 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кг майдондорӣ намуданд.
Муродов дар даври аввал аз Александр Сидорюк (AIN) шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Раҷабов размикори амрикоиро ба нокаут фиристод
Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз Яҳор Варапайев (AIN) бохт. Мирмамадов аз ҷудокори турк - Мунир Эртуг шикаст хӯрд.
Маҷидов дар даври аввал муқобили Чандран Асвини ҳиндӣ пирӯз гардида, дар даври дуюм аз Шермуҳаммад Ҷандрееви ӯзбекистонӣ дучори бохт шуд.
Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо нишони тиллои Эмомалии Нуралӣ мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2024-ро ҷамъбаст намуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон моҳи май дар шаҳри Душанбе низ мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо дар назар аст, ки интизор меравад, паҳлавонҳои номии дунё дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ оянд.
Лентаи хабарҳо
0