Раҷабов размикори амрикоиро ба нокаут фиристод

© Foto / Акс аз саҳифаҳои иҷтимоии Лоиқ РаҷабовБоец Лоик Раджабов
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Обуна шудан
Размикори тоҷикистонӣ, ки чорабинии UFC Fight Night 238 дар толори “UFC Apex” дар Лас Вегасро бо пирӯзӣ бар ҳарифаш аз кишвари мизбон оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқоти UFC варзишгари урдунитабор аз ИМА Абдул-Карим Ал-Селвадиро ба нокаут фиристод.
Раҷабов дар даври сеюми мусобиқа ҳарифашро аз пой афтонда, борони муштҳоро ба сараш резонд. Дар натиҷа довар дахолат карду пеши роҳи разимкори тоҷикро гирифт, то латукӯби Селвадиро хотима диҳад.
Барои варзишкори тоҷик ин сеюмин набард дар ин ташкилоти бузург ва барои ҳарифаш бошад, рақобати аввал дар он буд.
Раҷабов дар як мусоҳибаи ахираш гуфт, ки ба ҳеҷ мушкил ҳарифашро шикаст хоҳад дод.
"Вай мехоҳад, ки пеш равад ва ҳуҷум кунад, аммо ман фикр мекунам, ки барои ба итмом расонидани ӯ ҳеҷ мушкиле надорам. Вай мисли ман дар куштигирӣ хуб нест. Шояд қувваи хоми ҷисмонӣ дошта бошад, аммо маҳораташ мелангад", - гуфта буд Раҷабов.
Мухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2024
Наимов баъди пирӯзӣ дар дақиқаи аввал ба роҳбараияти UFC муроҷиат кард
Корномаи Абдул-Карим Ал-Селвади аз 15 ғалаба ва ҳамакнун 4 мағлубият иборат мебошад.
Размикори тоҷик моҳи феврали соли 2023 вориди UFC шуда, ду набард доир кард, ки дар яке пирӯз ва дар дигаре мағлуб шуд.
Аввалин рақобаташ дар чаҳорчӯби UFC 285 дар Лас Вегас баргузор карда, бо қарори доварон пирӯз шуд.
Рақиби ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи Аргентина Эстебан Рибович буд. Варзишкори тоҷик на танҳо аз рӯи холҳо ғолиб омад, балки рекорди пешбарӣ барои иштирокчии сабуквазнро низ: дар 3 раунд 11 маротиба ҳарифро ба замин партоб кард.
Дар зӯрозмоии дуюмаш бошад ӯ аз размикори лаҳистонӣ Матеуша Ребетски шикаст хӯрд. Дар ҳоли ҳозир Раҷабов 18 ғалаба, 5 бохт ва ягона мусовӣ дорад.
Қаблан размикори дигари тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC Fight Night 237 дар шаҳри Мехико Эрик Силва аз Венесуэларо дар дақиқаи аввал, дақиқтараш дар 44 сония ба нокаути техникӣ фиристода буд.
Лентаи хабарҳо
0