Қасди Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо Русия

© Foto / Пресс-служба Совета Федерации РФФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Обуна шудан
Ҷонибҳо зимни гуфтушунид таъкид бар он карданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, бахусус дар соҳаи сармоягузорӣ, идома хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон аз тарҳҳои муштарак бо Русия пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар ин бора аз сафорати Русия дар Душанбе хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин тавофуқ дар ҷараёни музокироти сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев ва намояндаи тиҷорат Евгений Коренков бо раиси нави кумита Султон Раҳимзода ҳосил шудааст.
"Семён Григорьев ба Султон Раҳимзода дар бораи як қатор лоиҳаҳои муштараки Русияву Тоҷикистон, ки дар ҳоли таҳия қарор доранд, маълумот дод", - таъкид карданд дар сафорат.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазифаҳои президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар заминаи рушди ҳамкориҳои муштараки сармоягузорӣ ба миён гузоштаанд, баррасӣ карданд.
"Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар навбати худ итминон дод, ки ниҳодаш барои рушди муносибатҳои дутарафа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард", - гуфтанд аз сафорати Русия дар Душанбе.
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2024
Русия ва Тоҷикистон дар садади ташкили парки технологиянд
Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои оянда, ки дар он ҷо бо ҳамтои русаш Владимир Путин музокирааш сурат гирифт, бо як сафари расмӣ дар шаҳри Қазон қарор дошт.
Раисиҷумҳури Русия, дар навбати худ, таъкид кард, ки равобити ду кишвар бомуваффақият рушд мекунад ва ҳеҷ мушкиле нест, ки ҳал нашавад. Вай афзуд, ки ин аз ҷумла ба шарофати муносибатҳои шахсии сарони давлатҳо сурат мегирад.
Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар муносибатҳои байни давлатҳо мушкили ҳалношуда тақрибан вуҷуд надорад. Вай гуфт, ки нозукиҳо вуҷуд доранд, ки барои онҳо роҳи ҳалли қобили қабул ҳатман пайдо мешавад.
Лентаи хабарҳо
0