Русия ва Тоҷикистон дар садади ташкили парки технологиянд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкЧиновники сидят на креслах
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2024
Обуна шудан
Як парки озмоишии технологии Русияву Тоҷикистон дар назар аст, ки дар ҳудуди собиқ иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш" бунёд карда шавад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистону Русия ташкили паркхҳои технологӣ, аз ҷумла мақари ҷойгиршавияшонро баррасӣ доранд.
Дар Душанбе метавонад дар ҳудуди корхонаи "Коргоҳи мошинсозӣ" (собиқ иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш") як парки озмоишии технологии Русияву Тоҷикистон таъсис ёбад, сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати саноати ҷумҳурӣ, Тимур Ёрибек ба Sputnik Тоҷикистон.
"Ин мавзеъ афзалиятнок дониста мешавад, вале дуи дигар низ дар назар аст - ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" дар шимоли Тоҷикистон ва иқтидори корхонаи трансформатории ҶСК "Трансформатор" дар вилояти Хатлон", - гуфт ӯ.
Ҳанӯз тасдиқи ниҳоии интихоби макон аз ҷониби Русия вуҷуд надорад. Дар маҷмӯъ, мақомоти Тоҷикистон ба ҳамкорони русиягии худ 9 макон пешниҳод кардаанд.
Дар Вазорати саноат ва савдои Русия гуфтанд, ки макони мувофиқтарин барои таъсиси парки технологӣ аллакай муайян шудааст ва дар назар аст, ки корҳо оид ба таъмини фаъолияти коргоҳи аввал имсол оғоз шаванд. Дар ҳамин ҳол, вазорат аз гуфтани макони мушаххаси ҷойгиршавӣ парки оянда худдорӣ намудаст.
Собиқ корхонаи нон дар шаҳри Хоруғро ба парки технологӣ табдил доданиянд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Дар Хоруғ парки технологӣ месозанд
Қаблан муовини сарвазири Русия, вазири саноат ва савдо Денис Мантуров аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро саноати сабук, металлургия, энергетика ва тибу доруворӣ гуфт.
"Сухан дар бораи бунёди майдонҳои саноатӣ меравад, ки дар он мо метавонем ба зудӣ технопарки саноатӣ таъсис диҳем, то операторони иқтисодие, ки ба бозори Тоҷикистон нигаронида шудаанд, дар он ҷойгир кунем", - илова намуд ӯ.
Пештар Тоҷикистону Русия дар бораи стандартҳои ягонаи танзими техникӣ ба мувофиқа расида буданд.
Лентаи хабарҳо
0