https://sputnik.tj/20240301/jahish-narkh-rubl-tojikiston-1061888751.html
Ҷаҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
Ҷаҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қурби се асъори калидии хориҷӣ, ки дар иқтисоди Тоҷикистон нисбатан серистеъмоланд нисбат ба пули миллӣ - сомонӣ, майл ба гаронӣ доранд
2024-03-01T09:45+0500
2024-03-01T09:45+0500
2024-03-01T09:45+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
қурб
доллар
евро
рубл
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2ae2d87852f486114d61085e5c1b3636.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Қимати сомонӣ дар баробари рубли Русия, доллари амрикоӣ ва еврои аврупоӣ поин рафт, иттилоъ додаст Бонки миллии ҷумҳурӣ. Рубли Русия ҳафтаро бо ҷаҳиш ҷамъбаст карда, феълан ҳазор рубли русӣ бар асоси арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон 120,7 сомонӣ арзиш дорад. Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Бонки миллии Тоҷикистон қурби доллари ИМА-ро 10.9573 сомонӣ ва евро 11. 8711 сомонӣ муқаррар шудааст. Қурби миёнаи харидуфурӯши асъори хориҷии нақд дар Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.9573 то 10.9800 сомонӣ, евро аз 11.8711 то 12.0300 сомонӣ ва ҳазор рубли Руися аз 120,7 то 1220 сомонӣ ташкил медиҳад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240215/afzoyish-besobiqa-pardokht-ghayrinaqdi-tojikiston-1061710726.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_adf74a16e6e96bbaf7c0b56f3843b91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, рубл, арзиш, доллар, амрикоӣ, қурб
нарх, рубл, арзиш, доллар, амрикоӣ, қурб
Ҷаҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
Қурби се асъори калидии хориҷӣ, ки дар иқтисоди Тоҷикистон нисбатан серистеъмоланд нисбат ба пули миллӣ - сомонӣ, майл ба гаронӣ доранд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Қимати сомонӣ дар баробари рубли Русия, доллари амрикоӣ ва еврои аврупоӣ поин рафт, иттилоъ додаст Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Рубли Русия ҳафтаро бо ҷаҳиш ҷамъбаст карда, феълан ҳазор рубли русӣ бар асоси арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон 120,7 сомонӣ арзиш дорад.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби доллари ИМА-ро 10.9573 сомонӣ ва евро 11. 8711 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби миёнаи харидуфурӯши асъори хориҷии нақд дар Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.9573 то 10.9800 сомонӣ, евро аз 11.8711 то 12.0300 сомонӣ ва ҳазор рубли Руися аз 120,7 то 1220 сомонӣ ташкил медиҳад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.