https://sputnik.tj/20240227/gardish-savdo-miyon-sughd-botkand-afzoish-1061859862.html
Афзоиши савдо миёни Суғду Бодканд ва умеди сокинон аз кушодани марзҳо - видео
Афзоиши савдо миёни Суғду Бодканд ва умеди сокинон аз кушодани марзҳо - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозорҳои наздисарҳадии Суғду Бодканд садҳо нафар ба тиҷорат машғул шуда, ба ин васила рӯзӣ меёбанду дар ғанигардонии буҷаи кишварҳо саҳм мегузоранд
2024-02-27T17:55+0500
2024-02-27T17:55+0500
2024-02-27T19:08+0500
дар тоҷикистон
видео
гуруҳ
корӣ
ҳукумат
бодканд
савдо
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/1b/1061859683_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_0e2e025a352d12a04d26758816a5805f.jpg
Савдо миёни Суғду Бодканд моҳ ба моҳ густариш ёфта истодааст, изҳор дошт сардори Сарраёсати омор дар вилоят, Ҳокимбек Накҳатзода зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон. "Дар се моҳи охири соли 2023, ҳаҷми гардиши савдо ба 273 ҳазор доллар баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба 9 моҳи оғози сол беш аз 50% афзудааст", - гуфт ӯ. Дар умум тиҷорат миёни вилоятҳои Суғду Бодканд соли гузашта ба зиёда аз ним млн доллар баробар шудааст, ки нисфи он дар поёни сол ҳосил шудааст. Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 4 км марзро мувофиқа кардандБа иттилои ин манбаъ, давоми моҳи январи соли 2024 ҳаҷми гардиши мол миёни Суғд ва Бодканд ба 84 ҳазор доллар расидааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 баробар зиёд гуфта мешавад. Дар бозорҳои наздисарҳадии Суғду Бодканд садҳо нафар ба тиҷорат машғул шуда, ба ин васила рӯзӣ ёфта, дар ғанигардонии буҷаи кишварҳо саҳм мегузоранд. Ба гунаи мисол чунин бозорҳои наздимарзӣ дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазӣ дар шаҳри Исфара, бозори яклухтфурӯшии молҳои кишоварзӣ дар деҳаҳаои Қаробоғ, Самарқандак ва Равоти ноҳияи Бодканд фаъолият мекунанд. Яке аз тоҷирони бозори “Сурх” дар шаҳри Исфара, Абдурофеъ Каримов мегӯяд, боре, ки аз ин бозор мехарад то ба фурӯшгоҳҳои кишварҳои Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳад ва аз ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекунад. Ин тоҷири бозор изҳори умедворӣ кард, ки рӯзе марзҳо аз нав боз мешаванд ва аҳолии наздисарҳадӣ дубора робитаҳои тиҷоратии худро ривоҷ медиҳанд. Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам 987, 6 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 889,45 километри он муайян шудааст. Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ азм доранд, хати боқимондаи марзро бо дарназардошти манофеи ҳардуҷониб муайян кунанд.
бодканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/1b/1061859683_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_ca2a288e1cb32917b9bf75d824ffb84c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳким, тиҷорат, суғд, бодканд, рушд, афзоиш
таҳким, тиҷорат, суғд, бодканд, рушд, афзоиш
Афзоиши савдо миёни Суғду Бодканд ва умеди сокинон аз кушодани марзҳо - видео
17:55 27.02.2024 (Навсозишуда: 19:08 27.02.2024) Дар бозорҳои наздисарҳадии Суғду Бодканд садҳо нафар ба тиҷорат машғул шуда, ба ин васила рӯзӣ меёбанду дар ғанигардонии буҷаи кишварҳо саҳм мегузоранд
Савдо миёни Суғду Бодканд моҳ ба моҳ густариш ёфта истодааст, изҳор дошт сардори Сарраёсати омор дар вилоят, Ҳокимбек Накҳатзода зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар се моҳи охири соли 2023, ҳаҷми гардиши савдо ба 273 ҳазор доллар баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба 9 моҳи оғози сол беш аз 50% афзудааст", - гуфт ӯ.
Дар умум тиҷорат миёни вилоятҳои Суғду Бодканд соли гузашта ба зиёда аз ним млн доллар баробар шудааст, ки нисфи он дар поёни сол ҳосил шудааст.
Ба иттилои ин манбаъ, давоми моҳи январи соли 2024 ҳаҷми гардиши мол миёни Суғд ва Бодканд ба 84 ҳазор доллар расидааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 баробар зиёд гуфта мешавад.
Дар бозорҳои наздисарҳадии Суғду Бодканд садҳо нафар ба тиҷорат машғул шуда, ба ин васила рӯзӣ ёфта, дар ғанигардонии буҷаи кишварҳо саҳм мегузоранд.
Ба гунаи мисол чунин бозорҳои наздимарзӣ дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазӣ дар шаҳри Исфара, бозори яклухтфурӯшии молҳои кишоварзӣ дар деҳаҳаои Қаробоғ, Самарқандак ва Равоти ноҳияи Бодканд фаъолият мекунанд.
Яке аз тоҷирони бозори “Сурх” дар шаҳри Исфара, Абдурофеъ Каримов мегӯяд, боре, ки аз ин бозор мехарад то ба фурӯшгоҳҳои кишварҳои Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳад ва аз ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекунад.
“Қариб 30%-и бори мардумро қирғизҳо гирифта, то Ошу Бишкек ва Қазоқистон мебурданд. Шахсан худам то Ошу Бодканд бор бурда мефурухтам”- зикр кард Каримов.
Ин тоҷири бозор изҳори умедворӣ кард, ки рӯзе марзҳо аз нав боз мешаванд ва аҳолии наздисарҳадӣ дубора робитаҳои тиҷоратии худро ривоҷ медиҳанд.
Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам 987, 6 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 889,45 километри он муайян шудааст. Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ азм доранд, хати боқимондаи марзро бо дарназардошти манофеи ҳардуҷониб муайян кунанд.