Тоҷикистон аз сӯзишвории "Татнефт" захираҳояшро пур карданист

© Foto / Хадамоти матбуоти сафорати Қазоқистон дар ТоҷикистонПоезд с нефтепродуктами
Поезд с нефтепродуктами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
Обуна шудан
Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон бо роҳбарият ва коршиносони яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтии Русия созишнома бастаст
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, аз маҳсулоти нафтии тавлиди "Татнефт" захираҳояшро пур кунад.
Роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон бо "Татнефт" масъалаи интиқоли сӯзишворӣ ва дигар маҳсулотӣ нафтиро баТоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додаст.
Ба иттилои ин ниҳод, аллакай барои интиқол бо ширкати номбурда шартномаи дахлдор ба имзо расондааст. Тафсилоти тавофуқ гуфта нашудааст, аммо Русия дар умум таъминкунандаи аслии маводи сӯхти Тоҷикистон мебошад.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Қазон аз аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ гуфта, афзуд, ки Душанбе ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тотористон манфиатдор аст.
Манометр на заправочной колонке газозаправочной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
Сардӣ бозори гази моеъро дар Тоҷикистон гарм кард: Чаро нархҳо боло рафтанд?
Вай ҳамкорӣ дар бахши металлургия, саноати химия, сабук, хурокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, нафту газ, сохтмон ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси марказҳои муштараки савдои яклухт ва логистикиро ояндадор хонд.
Роҳбари Тотористон, Рустам Минниханов гуфт, тиҷорат бо Тоҷикистон ба таври фаъол рушд мекунад, аммо ин ҳадди ниҳоӣ нест.
"Мо манфиатдорем, ки ҳузури ширкатҳои пешқадами Тотористон дар бозори Тоҷикистон бештар намоем. Ширкатҳои Тоҷикистон низ метавонанд ҳаҷми содироти худро ба Тотористон афзоиш диҳанд”, - гуфт ӯ.
Соли гузашта ҳаҷми додугирифти Тоҷикистону Тотористон ҳуддуи 30 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0