Савдои чакана дар кишварҳои ИИАО афзоиш ёфт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
Обуна шудан
Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми савдои чакана дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодияро таҳлил карда, ҷаҳишро сабт намудаст
ДУШАНБЕ, 26 февр — Sputnik. Соли гузашта гардиши савдои чакана дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба соли қаблӣ 6,6% зиёд шудаст.
Шарҳи таҳлилии нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои моҳҳои январ-декабри соли 2023 аз ҷониби Департаменти омори КИАО нашр шудааст.
Тибқи ин ҳисобот, фурӯшаи чаканаи молҳо аз тариқи тамоми василаҳои фурӯш дар давлатҳои узв зиёд шудаст.
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2024
ИИАО хоҳони рушди соҳибкорию ҳамгироист
Аз ҷумла афзоиши савдои чакана дар Арманистон - 14,2%, Қирғизистон - 11,5%, Белорус - 8,5%, Қазоқистон - 7,7%, Русия - 6,4% сабт гардидаст.
Дар зимн маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ соли гузашта қариб ба 2,4 трлн доллар расид. Тавре дар шарҳи таҳлилии нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ зикр гардид, ММД 3,8 % афзуд.
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 аз ҷумла афзоиши маҳсулоти саноатӣ - 3,7 %, ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ - 8,6 % ба қайд гирифта шудаст.
Дар баробари ин афзоиши муомилоти бор дар ин давра дар Қирғизистон - 8,2 % Қазоқистон - 3,1%, мусофиркашонӣ дар Арманистон - 63,3%, Русия - 12,8% ва Беларус - 7,8% зиёд гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0