https://sputnik.tj/20240225/iiao-khohon-rushdi-sohibkori-hamgiroist-1061834316.html
ИИАО хоҳони рушди соҳибкорию ҳамгироист
ИИАО хоҳони рушди соҳибкорию ҳамгироист
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷонибдори шарикии дарозмуддат ва ҳамкории созанда бо доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони бахши хусусии иттиҳодия мебоошад
2024-02-25T16:06+0500
2024-02-25T16:06+0500
2024-02-25T16:06+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
иқтисод
соҳибкор
рушд
ииао
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061206287_0:195:3071:1922_1920x0_80_0_0_e646fda4787f4c5d91d16358afaf0c3d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ният доранд, ки мушкилоту масоили марбутитиҷоратро зери назорати доимӣ гиранд. Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дод.Қайд карда мешавад, ки вохӯрии ҳайати КИАО бо доираҳои соҳибкорӣ дар Қазоқистон дар бинои Палатаи миллии соҳибкорони "Атамекен" баргузор гардид. Вазири комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Бахит Султонов ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ тарҳҳои ҳамгироӣ дар доираи созмон ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд. "Дар мулоқот ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо соҳибкорони Қазоқистон масъалаҳои беҳбуди шароити тиҷорат ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳодро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия. Ҷониби соҳибкорон ҳамчунин мушкилот ва пешниҳодҳои ҷомеаи соҳибкоронро иброз дошт, ки Комиссия ваъда додааст, тавассути ҷалби шӯъбаҳои дахлдори соҳа роҳи ҳалли онҳоро пайдо хоҳад кард. Созиш дар мавриди баргузории мунтазами видеоконфронсҳо ҷиҳати мониторинги масъалаҳои мубрами рӯз ба имзо расид, ки аз хоҳиши шарикии дарозмуддат ва ҳамкории созандаи байни ҷонибҳо шаҳодат медиҳад. Қаблан зикр шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қариб 4% афзудааст. Ҳамчунин маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви иттиҳодия низ майли афззоиш дошта, ҳудуди 2,4 трлн долларро ташкил додаст.
https://sputnik.tj/20240224/mmd-kishvarho-iiao-1061825809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061206287_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_a70cb937c17f0e3fb5b5784ce3cffdd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хостор, рушд, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод
хостор, рушд, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод
ИИАО хоҳони рушди соҳибкорию ҳамгироист
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷонибдори шарикии дарозмуддат ва ҳамкории созанда бо доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони бахши хусусии иттиҳодия мебоошад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ният доранд, ки мушкилоту масоили марбутитиҷоратро зери назорати доимӣ гиранд.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дод.Қайд карда мешавад, ки вохӯрии ҳайати КИАО бо доираҳои соҳибкорӣ дар Қазоқистон дар бинои Палатаи миллии соҳибкорони "Атамекен" баргузор гардид.
Вазири комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Бахит Султонов ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ тарҳҳои ҳамгироӣ дар доираи созмон ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд.
"Дар мулоқот ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо соҳибкорони Қазоқистон масъалаҳои беҳбуди шароити тиҷорат ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳодро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷониби соҳибкорон ҳамчунин мушкилот ва пешниҳодҳои ҷомеаи соҳибкоронро иброз дошт, ки Комиссия ваъда додааст, тавассути ҷалби шӯъбаҳои дахлдори соҳа роҳи ҳалли онҳоро пайдо хоҳад кард.
Созиш дар мавриди баргузории мунтазами видеоконфронсҳо ҷиҳати мониторинги масъалаҳои мубрами рӯз ба имзо расид, ки аз хоҳиши шарикии дарозмуддат ва ҳамкории созандаи байни ҷонибҳо шаҳодат медиҳад.
Қаблан зикр шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қариб 4% афзудааст. Ҳамчунин маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви иттиҳодия низ майли афззоиш дошта, ҳудуди 2,4 трлн долларро ташкил додаст.