https://sputnik.tj/20240226/narkhi-somoni-dar-tojikiston-garontar-shud-1061837623.html
Нархи сомонӣ дар Тоҷикистон гаронтар шуд
Нархи сомонӣ дар Тоҷикистон гаронтар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши се асъори хориҷии калидӣ, ки дар бозори нақди Тоҷикистон нисбатан серистеъмоланд, дар оғози ҳафтаи нав майли поинравӣ доранд
2024-02-26T09:47+0500
2024-02-26T09:47+0500
2024-02-26T09:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рушд
рубл
доллар
евро
мубодила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Қимати сомонӣ дар баробари рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон боло рафт. Бар асоси арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар оғози ҳафтаи ҷадид нархи пули русӣ каме коҳиш ёфта, 1000 рубл ба 118,1 сомонӣ баробар шуд. Маврид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад. Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд. Нархи асъори амрикоӣ низ поин рафта, доллар ба 10,9571 сомонӣ, евро ба 11,8643 сомонӣ қимат дорад. Дар мавриди нархи асъор дар бозори нақд, БМТ иттилоъ додаст, ки доллари ИМА аз 10,9571 то 10,98 сомонӣ, евро аз 11,8643 то 12 сомонӣ ва ҳазор рубл 118 то 120 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240215/rais-bonki-millii-tojikiston-dollar-kamu-rubl-1061695518.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, қурб, асъор, тоҷикистон, арзиш, ҳафта
нарх, қурб, асъор, тоҷикистон, арзиш, ҳафта
Нархи сомонӣ дар Тоҷикистон гаронтар шуд
09:47 26.02.2024 (Навсозишуда: 09:51 26.02.2024) Арзиши се асъори хориҷии калидӣ, ки дар бозори нақди Тоҷикистон нисбатан серистеъмоланд, дар оғози ҳафтаи нав майли поинравӣ доранд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Қимати сомонӣ дар баробари рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон боло рафт.
Бар асоси арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар оғози ҳафтаи ҷадид нархи пули русӣ каме коҳиш ёфта, 1000 рубл ба 118,1 сомонӣ баробар шуд.
Маврид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Нархи асъори амрикоӣ низ поин рафта, доллар ба 10,9571 сомонӣ, евро ба 11,8643 сомонӣ қимат дорад.
Дар мавриди нархи асъор дар бозори нақд, БМТ иттилоъ додаст, ки доллари ИМА аз 10,9571 то 10,98 сомонӣ, евро аз 11,8643 то 12 сомонӣ ва ҳазор рубл 118 то 120 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.