https://sputnik.tj/20240224/fakultai-mushtaraki-geologii-tojikistonu-rusiya-boz-meshavad-1061814484.html
Факултаи муштараки геологии Тоҷикистону Русия боз мешавад
Факултаи муштараки геологии Тоҷикистону Русия боз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Факултаи муштарак аз рӯи ихтисосҳои геология, омӯзиши истихроҷ ва коркарди нафту газ ва дар самти корҳои куҳкорӣ мутахассисон омода хоҳад кард
2024-02-24T10:15+0500
2024-02-24T10:15+0500
2024-02-24T10:15+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
маориф
факултаи муштарак
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/15/1060542747_0:160:3073:1889_1920x0_80_0_0_9d5cf869a6e2c6e3686b2740ff4ab400.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шартномаи таъсиси факултаи муштараки геологӣ миёни Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи геологияи Серго Орджоникидзеи шаҳри Маскав ба тавсиб расонида шудаастФеълан раванди ҳуқуқии ин муассисаи муштараки навтаъсис идома дорад ва интизор меравад он шурӯъ аз соли нави хониш дари худро ба рӯи донишҷӯён боз хоҳад кард.Дар ин бора ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Ин масъули Донишкада таъсиси чунин як факултаи муштаракро дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи геогологӣ ва кӯҳкорӣ муҳим арзёбӣ кард.“Алҳол омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ таъсиси ин муассисаи муштарак идома дорад. Кӯшиш мекунем масъалаҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузории он ҳарчӣ зудтар ба поён расад ва факулта ба фаъолият оғоз намояд” – зикр кард, ректор.Гуфта мешавад факултаи муштарак аз рӯи ихтисосҳои геология, омӯзиши истихроҷ ва коркарди нафту газ ва дар самти корҳои куҳкорӣ мутахассисон омода хоҳад кард.Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид кард, ки дар сурати боз шудани муассисаи муштарак донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик метавонанд дар асоси шартномаи байнидонишгоҳи корҳои таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисосро бо ширкати омӯзгорону устодон дар донишгоҳи шаҳри Маскав гузаронанд.Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) и вилояти Суғд воқеъ буда он соли 2006 таъсис дода шудааст. Ин муассисаи таълими ҳоло бо 47 муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкори барқарор кардааст, ки қисмати бешгтари он донишгоҳу донишкадаҳои Русия гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20240222/rusiya-tojikiston-sadad-tashkili-parki-tekhniki-1061812801.html
русия
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/15/1060542747_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_c51d3953d59e17419777032843b4bb6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, факулта, муштарак, русия, маориф, нафту газ, суғд, хуҷанд
тоҷикистон, факулта, муштарак, русия, маориф, нафту газ, суғд, хуҷанд
Факултаи муштараки геологии Тоҷикистону Русия боз мешавад
Факултаи муштарак аз рӯи ихтисосҳои геология, омӯзиши истихроҷ ва коркарди нафту газ ва дар самти корҳои куҳкорӣ мутахассисон омода хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шартномаи таъсиси факултаи муштараки геологӣ миёни Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи геологияи Серго Орджоникидзеи шаҳри Маскав ба тавсиб расонида шудааст
Феълан раванди ҳуқуқии ин муассисаи муштараки навтаъсис идома дорад ва интизор меравад он шурӯъ аз соли нави хониш дари худро ба рӯи донишҷӯён боз хоҳад кард.
Дар ин бора ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ин масъули Донишкада таъсиси чунин як факултаи муштаракро дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи геогологӣ ва кӯҳкорӣ муҳим арзёбӣ кард.
“Алҳол омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ таъсиси ин муассисаи муштарак идома дорад. Кӯшиш мекунем масъалаҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузории он ҳарчӣ зудтар ба поён расад ва факулта ба фаъолият оғоз намояд” – зикр кард, ректор.
Гуфта мешавад факултаи муштарак аз рӯи ихтисосҳои геология, омӯзиши истихроҷ ва коркарди нафту газ ва дар самти корҳои куҳкорӣ мутахассисон омода хоҳад кард.
Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид кард, ки дар сурати боз шудани муассисаи муштарак донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик метавонанд дар асоси шартномаи байнидонишгоҳи корҳои таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисосро бо ширкати омӯзгорону устодон дар донишгоҳи шаҳри Маскав гузаронанд.
Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) и вилояти Суғд воқеъ буда он соли 2006 таъсис дода шудааст. Ин муассисаи таълими ҳоло бо 47 муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкори барқарор кардааст, ки қисмати бешгтари он донишгоҳу донишкадаҳои Русия гуфта мешавад.