Таваллуд зиёд, фавт кам: дар Суғд теъдоди аҳолии минтақаро эълон карданд

© Sputnik / Амир ИсаевСвидетельства о рождении
Свидетельства о рождении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Идораи омори Суғд зимни баррасии вазъи демографии вилоят гуфт, ки аҳолии вилоят ба се миллион наздик мешавад ва мизони таваллуд низ дар ҳоли афзоиш аст
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар шаҳру навоҳии Суғд давоми нӯҳ моҳи ахири соли ҷорӣ шумори таваллуд нисбат ба мавридҳои фавт афзудааст.
Дар ин бора сардори шуъбаи демографии Сарраёсати агентии омор дар вилояти Суғд, Волидахон Толибзода, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъи манбаъ давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) 40853 навзод ба қайд гирифта шудааст, ки теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (39307) 3,9% афзудааст.

“Таносуби умумии таваллуд аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 аҳолӣ 14,1 нафар рост омадааст” – гуфт, сардори шуъбаи демографӣ.

Ин манбаъ ҳамчунин дар бораи нишондоди фавт дар ин муддат иттилоъ дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ кам шудааст.
Бар пояи иттилоъи масъули идораи омор дар моҳҳои январ – сентябри соли 2023, фавти 8185 сокини Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (8307) 1,5% камтар будааст.
Гуфта мешавад, ки аз теъдоди умумии фавтидагон 573 кӯдаки синни то 1 сола мебошанд.
“Дар ин давра таносуби умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 2, 8 нафар рост омадааст” - гуфт, Толибзода.
Руки пожилого мужчины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Дар вилояти Суғд шумори нафақагирон коҳиш ёфтааст
Бино ба рақамҳои оморӣ афзоиши табии аҳолӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 5,4 % ё 32 668 нафар (20905 нафар) зиёд шудааст, ки ин рақам ба 1000 нафар аҳолӣ 11,3 нафар рост меояд.
Бо назардошти мавридҳои таваллуд ва фавт, шумораи аҳолии вилояти Суғд ба ҳолати 1 октябри соли 2023, 2 млн 902 ҳазор нафар мебошад, ки аз ин шумора 1 млн-у 465,5 ҳазор мардон ва 1миллиону 436,5 ҳазор занон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0