Ваъдаи озодӣ аз аскарӣ бар ивази 50 ҳазор сомонӣ: корманди қалбакии мақомот боздошт шуд

© Sputnik / Максим БогодвидВоенный билет. Архивное фото
Военный билет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Обуна шудан
Дар сурати тасдиқи айбдорӣ аз ҷониби додгоҳ, боздоштшударо ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ солро интизор аст
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Вазорати умури дохила як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қаллобӣ ва сӯистифода аз бовар дастгир кардааст.
Тибқи иттилои Раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд сокини 33-солаи ҳамин ноҳия Н.Ш бо истифода аз мавсими даъвати наваскарон ба артиш сокини 45-солаи ҳамин минтақаро фиреб додааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ худро корманди сохтори ҳарбӣ муаррифӣ карда бо баҳонаи писарашро аз хизмати ҳарбӣ озод намудан 50 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш истифода кардааст.
Бинобар иҷро накардани ваъдааш дар пайи муроҷиати шаҳрванд мавсуф дастгир мешавад.
Тибқи нишондоди боздоштшуда ба пулис, ӯ ин маблағро барои омодаву гирифтани ҳуҷҷат тавассути хидмати алтернативӣ гирифта буд.

"Маблағро барои омода кардани ҳуҷҷатҳо барои хизмати алтернативӣ гирифта будам, аммо иҷро карда натавонистам ва онро ба саломатиам сарф кардам", - гуфт мавсуф.

Ба иттилои манбаъ, алайҳи муттаҳам қаблан низ ду маротиба бо ҷурми қаллобӣ парванда боз шуда буд.
Ин ниҳод мегӯяд, вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 банди “в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2023
Хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон соли 2024 гаронтар хоҳад шуд: Чӣ қадар?
Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонуни ҷиноии кишвар ба муттаҳамон ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2021 амал мекунад ва соли равон қимати он 51 ҳазор сомонӣ аст.
Тибқи нишондиҳандаи ҳисобҳо дар тарҳи нави буҷаи кишвар барои соли 2024 он 3 ҳазор сомонии дигар гаронтар шуда, ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0